Дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол карда шудааст

Май 25, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали имсол дар Тоҷикистон 7 ҳазору 566,3 тонна равғани растанӣ истеҳсол карда шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2024 6 ҳазору 670,8 тонна равғани растанӣ истеҳсол шуда буд. Чунин омадааст дар гузориши вазъи иҷтимоию иқтисодии Агентиии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се моҳи соли равон.

Дар Тоҷикистон соҳаи коркарди зироати равғандиҳанда ва истеҳсоли равғани рустанӣ солҳои охир дар баробари дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ тавассути воридоти технологияҳои муосир аз давлатҳои хориҷӣ рушд намудааст.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Тош Нарзуллоев иброз намуд, ки дар мамлакат панҷ зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешаванд, аз ҷумла зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд.

Мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, меъёри равғани рустанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян карда шудааст.

То 4 апрели соли равон зироати равғандиҳанда дар 1227 гектар кишт карда шудааст. Таъмини аҳолӣ бо  истеҳсолоти ватанӣ яке аз масъалаҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад. Имрӯз аз ҳисоби маҳсулоти равғандиҳанда танҳо аз 28 то 30 фоизи аҳолӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин асту халос.

Аз ин рӯ олимони соҳаи кишоварзӣ нақша доранд, ки минбаъд бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва технологияи муосир то 70 фоизи аҳолиро бо равған таъмин намоянд.

«Барои неш зада баромадани зироати равғандиҳанда гармии ҳаво бояд аз 20 дараҷа боло бошад. Асосан кишти ин зироатро аз оғози моҳи май дар заминҳои обӣ гузаронидан зарур аст. Дар минтақаи вилояти Хатлон  кишти ин зироатро аз моҳи апрел то июн, дар минтақаи Ҳисор ва минтақаи Суғд аз 1 то 20 май гузаронидан мумкин аст», -афзуд доктори илмҳои кишоварзӣ.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 25, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд