Дар Тоҷикистон бо таъсири тағйирёбии иқлим шумораи кӯлҳои пиряхӣ ба 397 адад расидааст

Май 29, 2025 11:36

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи кӯлҳои пиряхӣ 397 адад буда, 0,01 киллометри мукаабро ташкил медиҳанд. Бештари ин кӯлҳо дар минтақаи кӯҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷойгиранд. Пайдоиши чунин кӯлҳо асосан натиҷаи обшавии босуръати пиряхҳо буда, онҳо на танҳо нишонаи тағйирёбии иқлим мебошанд, балки метавонанд хатари офатҳои табииро низ ба вуҷуд оранд. Ин матлабро сармутахассиси шуъбаи яхшиносӣ ва барфу тармасанҷии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат Амиршо Ҳиёев  ба АМИТ «Ховар» баён намуд.

Дар доираи таҳқиқот ва мониторинги пиряхҳо аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии мамлакат шумораи умумии кӯлҳои пиряхӣ дар ҳудуди ҷумҳури  муайян ва рақамгузорӣ карда шуд.

Дар Тоҷикистон шумораи чунин кӯлҳо солҳои охир афзоиш ёфтааст, ки ин натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зисти кӯҳӣ мебошад. Аз ин рӯ, мониторинги мунтазами кӯлҳои пиряхӣ ва таҳияи нақшаҳои фаврии пешгирии офатҳои эҳтимолӣ аҳамияти бузург дорад. Обшавии босуръати пиряхҳо метавонад хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчҳоро зиёд намояд. Ин офатҳо бештар дар натиҷаи ҷамъ шудани об ва ҷорӣ шудани он аз минтақаҳои баландкӯҳи кӯҳӣ ба амал меоянд.

Ҳарчанд чунин кӯлҳо метавонанд манбаи иловагии об бошанд, онҳо хатари ҷиддии рахнашавӣ низ доранд. Дар ҳолати рахна шудани саддҳо ё сарбандҳо, ки ин кӯлҳоро нигаҳ медоранд, об бо суръати баланд ба поён ҷорӣ шуда, метавонад офатҳои фоҷиабор ба вуҷуд оварад.

Пиряхҳои асосии мамлакат дар қаторкӯҳҳои баландтарин, аз қабили Академияи миллии илмҳо, Дарвоз, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Зарафшон ва дигар минтақаҳо ҷойгир шудаанд. Дар ин минтақаҳо шароити мусоид барои ташаккул ёфтани пиряхҳо вуҷуд дорад, ки ба баландии қаторкӯҳҳо ва миқдори кофии бориш вобаста аст. Дар ҳавзаи ин дарёҳо майдони яхбандӣ беш аз 5 ҳазор километри мукаабро ташкил медиҳад. Дар он пиряхи бузургтарини минтақаи Авру-Осиё — пиряхи Ванҷях (Федченко) қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ

Май 29, 2025 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
Сулаймон Зиёзода дар Муколамаи Рим оид ба масъалаҳои об-2025 мавқеи Тоҷикистонро дар самти истифодаи устувори захираҳои об таъкид намуд
Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст
14 ОКТЯБР — РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар Тоҷикистон 110 номгӯй имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст
Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад
МАҲСУЛОТИ НОНӢ. Истеъмоли зиёди он сабаби пайдошавии бемориҳо мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст