Дастаи «Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон пирӯзии дуюмро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозии дуюми силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон 2024/2025 дар шаҳри Душанбе байни дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ футзалбозони «Соро компания» ба дарвозаи «Истиқлол» се гол зада, дар ниҳоят дар силсилаи ниҳоӣ пирӯзии дуюми худро ба даст оварданд.
Бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ 20 май дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир мегардад.
Бояд гуфт, ки силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳоро дар бар мегирад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






