Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 май дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, озмун ду рӯз дар Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он 250 хонанда аз рӯи 15 ихтисос иштирок намуданд.
Хонандагон аз рӯи ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, дӯзанда, ҳисобдор бо донистани компютер бо супоридани тест аз рӯи фанни таълимӣ ва нишон додани маҳорат иштирок намуданд.
Озмун дар ду давр баргузор шуда, дар даври якуми он беш аз 1150 хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд ва 250 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
27 май маросими ҷамъбасти озмун баргузор шуда, ба ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3 медал, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбие, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас доштанд, «Сипоснома»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақдим гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи шавқу завқи хонандагон, дар амал истифода намудани донишҳои назариявӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, тақвияти тафаккури техникии онҳо ва рушди малакаи касбӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор мешавад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






