ДОВТАЛАБОН КАДОМ КАСБРО БОЯД ИНТИХОБ НАМОЯНД? Ҳангоми интихоб лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2025-ро аз 10 то 30 июн тамдид намуд. Яке аз масъалаҳои муҳим дар вақти ҳуҷҷатсупорӣ дуруст интихоб кардани ихтисос мебошад. Саволе ба миён меояд, ки довталабон ҳангоми интихоб чӣ гуна бояд касб интихоб намоянд?
Ҳангоми интихоби ихтисос ба эътибор гирифтани якчанд омил зарур аст
Тавре муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ Абдулбосит Шодиниё дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, интихоби касб барои ҳар шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин ба интихоби ихтисос таваҷҷуҳи зиёд бояд кард. Ҳангоми интихоби ихтисос ба эътибор гирифтани якчанд омил зарур аст. Пеш аз ҳама, довталаб бояд хуб андеша намояд, ки аз ин касб чӣ мехоҳад ва аз он чиро интизор аст, кор кардан дар кадом соҳа ба ӯ бештар писанд аст?
«Ихтисос навъи мушаххаси кор (фаъолият) дар доираи ягон касб аст. Шахс дар доираи як касб чанд ихтисосро интихоб карда метавонад. Баъд аз таҳсил аз рӯйи ҳар ихтисос тахассуси муайян дода мешавад. Масалан, касби муҳандисӣ дорои тахассусҳои муҳандис-барномасоз, муҳандис-бинокор, муҳандис‑геолог, муҳандис-лоиҳакаш, муҳандис-механик, муҳандис-технолог, муҳандис-эколог, муҳандис-энергетик ва ғайра аст», -афзуд номбурда.
Ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро бояд ба назар гирад
Ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5‑6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар ҳоли мавриди талаби бозори меҳнат набудани он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад. Барои мисол, гарчанде ихтисосҳои самти ҳуқуқшиносӣ нуфузу эътибори баланд доранд, имрӯз барзиёд будани мутахассисони ин соҳа дар бозори меҳнат ҳис карда мешавад. Баръакс, ҳамаи соҳаҳои мамлакат ба ихтисосҳои техникӣ (гурӯҳи ихтисосҳои якум – «Табиӣ ва техникӣ») ниёзи зиёд доранд, аммо аз ҷониби довталабон кам интихоб гардидани онҳо ҳар сол аён мегардад.
Ба андешаи муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ, интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар, омӯзгор, хешу ақрабо ва мутахассисони соҳаро ба эътибор гирифтан ба нафъи кас хоҳад буд.
Ҳангоми интихоб лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст
«Ҳамчунин ҳангоми интихоби касбу ихтисос бештар хусусиятҳои ҷисмонию равонии худ – вазъи саломатӣ, дониш, лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст. Ҳар касбу ихтисос талаботи ба худ хос дорад, ки аз шахс қобилият, хислат, дониш ва маҳорати муайян талаб мекунад. Масалан, касе, ки овозаш нохуш ё гулӯяш айбдор ё бемор бошад, овозхони хуб шуда наметавонад», -иброз медорад Абдулбосит Шодиниё.
Мутахассис маслиҳат медиҳад, ки ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб кунад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Ихтисоси барои шахс хубу мувофиқ ба ӯ на танҳо қаноатмандии касбӣ, балки дар кору рӯзгораш низ фараҳу шодмонӣ меорад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад. Танҳо дар ҳамин ҳолат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»






