Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд дар Алҷазоир баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ҳамбастагии исломӣ барои рушд (ISFD) зимни мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо роҳбари ин фонд Одил Алшариф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқот дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд дар шаҳри Алҷазоири Ҷумҳурии Алҷазоир баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки дар айни замон фонд дар Тоҷикистон 3 лоиҳаи муҳим бо маблағи умумии 35 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои маориф ва кишоварзӣ татбиқ мегардад.
Ҷониби Тоҷикистон аз пешниҳоди маблағгузории имтиёзноки фонд изҳори қаноатмандӣ намуда, вусъат додани ҳамкории минбаъда дар татбиқи ду лоиҳаи нави соҳаи маориф ба маблағи умумии 20 миллион доллар, инчунин лоиҳаи обёрӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 15 миллион доллари амрикоиро таъкид намуд.
Ҷонибҳо бобати густариши ҳамкории босамар барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






