Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Кувайт Халифа Абдуллоҳ Зоҳй ал-Аҷил ал-Аскар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ дурнамои таҳкиму тавсеи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои иқтисод ва тиҷорату сармоягузорӣ матраҳ гардид.
Ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






