DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 5 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май, дар рӯзи аввали мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ ва Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:
Занон
-48 кг
1. Анудари Джамсран /Муғулистон/
2. Вэнне Чжуан /Чин/
3. Вакана Инагак /Ҷопон/
3. Абиба Абужакинова /Қазоқистон/
-52 кг
1. Амандин Бюшар /Фаронса/
2. Муҳайё Ахматова /Узбекистон/
3. Бландин Понт /Фаронса/
3. Мадина Қурбонзода /ТОҶИКИСТОН/
-57 кг
1. Сара-Леони Сизик /Фаронса/
2. Наталя Ёлкин /дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо/
3. Ана Пулджиз /Хорватия/
3. Тао Юинг /Чин/
Байни мардон
-60 кг
1. Балабай Ағаев /Озарбойҷон/
2. Меҳрзод Суфиев /ТОҶИКИСТОН/
3. Туменҷаргал Тувшинтур /Муғулистон/
3. Максим Мерлин /Фаронса/
-66 кг
1. Эмомалии Нуралӣ /ТОҶИКИСТОН/
2. Обид Ҷебов /ТОҶИКИСТОН/
3. Ёсин Бобокалонов /ТОҶИКИСТОН/
3. Артем Штурбабин /Узбекистон/
Пагоҳ, 3 май дар рӯзи дюуми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 4 вазн: — 63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг ва -81 кг байни мардон қувва меозмоянд. Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 8 ҷудочӣ иштирок менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






