ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар муносибатҳои байналмилалии муосир дар баробари кишварҳо, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ шаҳрҳо низ нақш ва мавқеи муассир доранд. Имрӯз шаҳри Душанбе дар баробари шаҳрҳои Женева, Вена, Брюссел ва Ню-Йорк ҳамчун маркази қабули қарорҳои муҳимми байналмилалӣ эътироф гардида, мизбони чандин конфронс ва форумҳои сатҳи баланд гардидааст. Далели ин гуфтаҳо баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мебошад. Чунин изҳори назар намуд муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегӣ Насриддин Воҳидов.
— Бояд гуфт, ки маҳз дар заминаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи “Раванди оби Душанбе” ҳамчун майдони муҳимми таҳлилу баррасиҳои масъалаҳои обу иқлим 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси 5-уми Президенти Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Дар асоси ин қатънома соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид, ки дар айни замон дар шаҳри Душанбе идома дорад.
Аз лиҳози фарогирӣ ин конфронс шумораи васеи коршиносонро аз минтақаҳои гуногуни олам ба ҳам овардааст. Дар кори конфронс беш аз 2500 нафар намояндаҳо аз 80 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Дар чаҳорчӯби конфронс 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ, 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи пленарӣ гузаронида мешаванд, ки зимни онҳо ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳо марбут ба ҳамоиш таҳлилу баррасӣ мегарданд.
Тавре коршинос изҳор медорад, таҷриба ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳое аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ карда мешаванд, ки бо назардошти хусусияти саривақтӣ ва фаромиллӣ доштанашон манфиатҳои умумибашариро фаро гиранд. Ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин хусусияти асосӣ мебошанд.
Мувофиқи пешгӯии коршиносон, то соли 2050 тақрибан 30 фоизи аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро бо об қонеъ карда наметавонад. Дар асоси баррасии масъала аз гузоришҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) маълум гардид, ки 2 миллиард аҳолӣ дар саросари ҷаҳон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Аммо пажӯҳиши муштараки олимони Швейтсария ва Амрико нишон дод, ки ин рақам мушкили аслиро инъикос намекунад. Дар асл дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна беш аз 4,4 миллиард нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Аз ҷумла, манбаъҳои оби тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ки асосан аз пиряхҳо ва захираҳои барфӣ маншаъ мегиранд, маҳз таҳти таъсири тағйир ёфтани иқлим коҳиш меёбанд.
«Коршиносони Агентии кайҳонии амрикоии NASA давоми даҳсолаҳо бо истифода аз моҳвораҳо тағйироти қабати яхро назорат намуда, муайян карданд, ки яхҳои Антарктида ва Гренландия аз соли 2002 ин ҷониб рӯ ба коҳиш овардаанд. Дар Антарктида ҳамасола 152 миллиард тонна ва дар Гренландия 274 миллиард тонна обшавии пиряхҳо мушоҳида мешавад. Бинобар ин моҳияти ҳифзи пиряхҳо барои муҳити зист ва масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ва обшавии онҳо барои тамоми мардуми дунё боиси нигаронӣ аст. Дар натиҷаи обшавии пиряхҳо баландшавии сатҳи оби уқёнус мушоҳида мегардад, ки ба некуаҳволии миллионҳо сокинони сайёра таҳдид менамояд»,-гуфт Насриддин Воҳидов.
Давоми 16 соли охир дар Тоҷикистон 4232 ҳолати офатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки зарари расидаи онҳо беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба андешаи коршинос, сабаби асосии тағйирёбии иқлим- ин баландшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво ва васеъшавии сӯрохии пардаи озонӣ мебошад, ки он дар натиҷаи партовҳои зиёди газҳои гулхонаӣ ба вуҷуд меояд. Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз рӯйи ҳиссаи партовҳои газҳои гулхонаӣ бо як нишондиҳандаи пасттарини ҳаҷми онҳо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дошта, нақша дорад, ки то соли 2032 пурра ба истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузарад.
«Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар доираи манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ маҳдуд нагардида, балки манфиатҳои умумибашариро дар бар мегирад. Ин дар ҳолест, ки сайёраро гармии бесобиқа фаро гирифта, солона қисми зиёди пиряхҳо аз байн мераванд. Бо назардоши манбаи асосии оби тоза будани пиряхҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳифзи онҳо на танҳо барои мо, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 60 фоизи обҳои минтақа дар ҳудуди мамлакати мо ташаккул меёбад, аҳамияти зиёд дорад», — гуфт Насриддин Воҳидов.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»