Душанбе мизбони Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» мегардад

Май 12, 2025 17:37

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 16 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак  ва Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар назар аст, ки 13 ва 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории муштарак доир гардад. Дар он ҳайатҳои расмии аъзои лоиҳа, коршиносон, инчунин намояндагони шарикони рушд ва дигар ҳайатҳо иштирок менамоянд.

15 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шурои байниҳукуматии Лоиҳаи минтақавии «CASA-1000» баргузор мегардад.

16 май иштирокчиёни ҷаласа бо зеристгоҳи конветорӣ бо иқтидори 1300 мегаватт дар мавзеи Сангтӯда ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2025 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд