Форуми кишоварзӣ дар замони талафоти (обшавии) пиряхҳо ба кор оғоз намуд

Май 29, 2025 09:35

ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) Форуми кишоварзӣ дар замони талафоти (обшавии) пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ, обхезӣ тавассути истихроҷи карбон ва устуворӣ дар минтақаҳои вобаста ба пиряхҳо ба кор оғоз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори форум масъалаҳо оид ба стратегияҳои асосии мутобиқшавӣ ба захираҳои об ва иқлим дар соҳаи кишоварзӣ ва системаҳои озуқаворӣ, таҷрибаҳои пешқадам ва навовариҳо дар Осиёи Марказӣ,  захираҳои об, замин ва иқлим дар тағйир додани системаҳои озуқавории кишоварзӣ ва масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Инчунин дар доираи ин форум панели сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими устувории экосистемаҳои кӯҳӣ ва пиряхҳо», панели техникӣ зери унвони «Муносибат ба кӯҳҳо ва пиряхҳо бо назардошти захираҳои об, бехатарии озуқаворӣ ва воситаҳои таъмини зиндагӣ» ва мизи мудаввари «Шарикӣ барои кӯҳҳои солим – ҷалби ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои муқовимат ба иқлим дар экосистемаҳои кӯҳӣ ва пиряхҳо» доир карда мешаванд.

Дар оғози форум гуфта шуд, ки пиряхҳо на танҳо барои муҳити зист, балки барои амнияти озуқаворӣ ва ғизо низ муҳим мебошанд. Аз ҳар ду нафар як нафаре, ки дар манотиқи кӯҳистон дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ зиндагӣ мекунад, зери хатари ноамнии озуқаворӣ қарор дорад. Обе, ки аз ин минтақаҳо сарчашма мегирад, хочагиҳои кишоварзиеро, ки дар пастхамӣ ҷойгиранд, бо об таъмин менамояд. Зиёда аз 2 миллиард одамон, аз ҷумла бисёре аз ҷомеаҳои маҳаллӣ ва кишоварзони хурд барои дастрасии оби тоза, аз ҷумла барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, таъмини рӯзгор ва эҳтиёҷоти маданию маишии худ ба оби пиряхҳо ва барфҳо такя менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки дар ҳоли аз байн рафтани пиряхҳо бар асари болоравии ҳарорат бахшҳои асосии иқтисодӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, савдо ва нақлиёт мавриди осеби ҷиддӣ қарор гирифта, низоъҳои марбут ба захираҳои об, муҳоҷират ва хатарҳои поёноб метавонанд шиддат гиранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 май шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад