Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуд

Май 20, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ густариш медиҳанд. Дар иртибот ба ин 20 май дар Душанбе Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар Форум доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳарду давлат иштирок намуда, роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобили судмандро дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ баррасӣ намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода баргузории Форуми соҳибкорию сармоягузориро қадами устувор дар самти ҷалби сармояи Саудӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маънидод намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ, маъданҳои зеризаминӣ ва сайёҳӣ мебошад.

Ҳамзамон доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Арабистони Саудиро ба истифодаи босамари имконоти сармоягузории ҷумҳурӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак даъват карда шуданд.

Нақши Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар таҳкими ҳамкории ду давлат дар соҳаи тиҷорат ва соҳибкорӣ муассир арзёбӣ гардид.

Президенти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ Ҳасан Ал-Ҳувайзӣ, ки ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Саудиро роҳбарӣ менамояд, иброз дошт, ки робитаҳои самараноки доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо назардошти зарфияту имконоти мавҷуда метавонанд барои пешбурди тарҳҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду давлат заминаи устувор гузоранд.

Ҷонибҳо доир ба муҳимияти ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, рушди энергияи “сабз”, ҳамкории байнибонкӣ, таъсиси фондҳои муштарак, табодули таҷриба дар самти фановариҳои навин, инчунин иштироки ширкатҳои саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Дар доираи Форум ҳамзамон имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шакли В2В – соҳибкор бо соҳибкор баргузор гардид.

Зимни он дар соҳаҳои афзалиятнок санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд