Гурӯҳи кории Хадамоти иҷро бо фаъолият ва шароити кории иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои Суғд шинос гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 15 май гурӯҳи кории Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии сардори хадамот Аҳтам Абдуллозода бо фаъолият ва шароити кори иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, иҷрочиёни хадамот дар суди ҳарбии гарнизон ва суди иқтисодии вилоят аз наздик шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷро хабар доданд, аз натиҷаҳои дидор ва таҳлили фаъолият нақшаи чорабиниҳои бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда таҳия гардида, аз тариқи расонидани ёрии амалию методӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ қисме аз масъалаҳои ҷойдошта бартараф гардида, ба масъулин дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро намудани талаботи нақшаи дастур дода шуд.
Ба иҷрочиён барои татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дастур дода шуд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба ҷараёни рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии ҷумҳурӣ солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид.
Дар ин замина бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти ин санад барои гузариш ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби гурӯҳи корӣ чораҳои аввалин андешида шуда, вобаста ба ҳарчи зудтар дар амал ҷорӣ намудани ин низом аз ҷониби масъулон корбарӣ идома дорад.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






