Ҳифзи пиряхҳо омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад
ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Ҳамоиш аз ҷониби кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29 — 31 майи соли 2025) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамаи мушкилоти экологии сайёра ба вазъи солимии аҳолӣ бе таъсир намемонад. Некуаҳволӣ, рушди иқтисодӣ ва солимии насли оянда аз солимии табиат вобастагии зич дорад. Тағйироти кӯчактарин дар биосфера ба гардиши ғизоӣ, амнияти озуқаворӣ, иқтисодиёт ва шароити иҷтимоии сокинони мамлакат ва сайёра таъсир мерасонад. Муносибати ғайриоқилона бо табиат, зиёд гаштани талаботи саноат ба об, равандҳои биёбоншавӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди об метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
60%-и обҳои ошомидании давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегирад ва ин захираҳои об бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шаванд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминҷон Гулаҳмадзода, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назриалло Шерализода, сардори Сарраёсати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода оид ба ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сухан гуфтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






