Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад

Май 26, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 26.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30  дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа гарм ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Май 26, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад
Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд
Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд