Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад

Май 12, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Май 12, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар милитсияи пойтахт Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи касбии кормандони оперативиро таҷлил намуданд
«ПАРЧАМБАРДОРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар хизмати идоракунии давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ оғоз гардид
Ҷавонони сарбаланди шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ашқобод дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
VoLTE: ба суҳбатҳои телефонӣ садои комилан тоза зам намоед!