ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Бунёди ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз яке аз масъалаҳои муҳими оила аст

Май 15, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 1993 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 15 май Рӯзи байналмилалии оила эълон гардид. Мақсад аз эълони ин рӯз  ҷалби  таваҷҷуҳи  давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила ва оиладорӣ мебошад. Ин мавзуъро АМИТ «Ховар» шарҳ медиҳад.

Оила таҳкурсии бунёди зиндагии солим ва мураттаби инсонӣ, кафолати тартиб, низом, қонун ва рушду пешрафти ҷомеа,  кафолати хушбахтӣ, бехатарӣ ва дилпурӣ, яъне зуҳуроти муқаддасе аст, ки ояндаи ҷамъият ва инсонҳоро неру ва бовар мебахшад.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд,  «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд».

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомати таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаю тараққӣ мекунад ва некуаҳволии халқ беҳтар мегардад. Дар ҳамаи замонҳо пешрафти мамлакат вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ карда мешавад.

Рисолати асосии оила, метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад.

Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо дар ин маврид иброз доштанд, ки  «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо мушкилие рӯ ба рӯ омадааст, ки он  ноустувории ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо аст. Ҳадафи  таъсиси Рӯзи байналмилалии оила  таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони  имрӯза — дар давраи аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ  ва суннатҳои никоҳ мебошад. Мутаассифона, ин раванд имрӯз ба ҷумҳурии мо низ таҳдид мекунад.

Тибқи маълумоти Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи якуми соли 2025 18 ҳазору 423 ҳолати сабти давлатии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (18 701)  278 ҳолат кам мебошад. Бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 134 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024    167 ҳолат кам аст.

Ҳарчанд назар ба соли пешин  167 ҳолат кам  гардидани бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар ин сол хабари хушҳолкунанда аст, аммо ин масъала ҳанӯз ҳам  ташвишовар  боқӣ мемонад.

Коршиноси масоили иҷтимоӣ Маҳбуба Азимова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки интихоб ва бунёд намудани оила бояд дар дасти ҷавонписарон ва ҷавондухтарон бошад. Набояд онҳоро барои хонадоршавӣ маҷбур кард. Ҳоло мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе ҷавонон оила бунёд мекунанд  ва дар муддати кӯтоҳ аз ҳам рӯ мегардонанд, ки ин сабабҳои гуногун дорад.

«Яке аз сабабҳои пойдор намондани аксар оилаҳои ҷавон- ин маърифати паст доштани онҳо, маълумоти олӣ ва ҷойи кори муайян надоштани онҳо мебошад. Сабаби дигар- ин  рашку мавқеъгириҳои хушдоман ва келинҳо нисбат ба ҳамдигар мебошад. Яъне, баъди бунёди оила баъзе ҷавонмардон ба ҳамсари хеш таваҷҷуҳи бештар пайдо карда, ба модар ва дигар пайвандон, ки қаблан меҳру муҳаббат доштанд, кам аҳамият медиҳанд. Дар чунин маврид баъзе модарону хоҳарон нисбат ба ҳамсари ӯ ҳисси бадбинӣ пайдо мекунанд, ки ин оқибат сабаби пароканда шудани оила мегардад. Дар ин росто фаъолияти равоншиносон бояд ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шавад»,-чунин андеша дорад Маҳбуба Азимова.

Равоншиносон иброз медоранд, ки агар дар оила як нафар рафтору муносибати ноҷо дошта бошад, ин ба дигар аъзои оила низ таъсири манфӣ мерасонад. Агар шахс оилаи солим хоҳад, бояд пайваста бо равоншиносон дар иртибот бошад.

Ба андешаи Маҳбуба Азимова, волидайн низ бояд, пеш аз ҳама, ба фарзандон илму дониш ва касбу кор омӯзонанд, то онҳо дар пешбурди иқтисодии оиладорӣ дар намонанд. Меъёрҳои ахлоқӣ, аз ҷумла эҳтироми калонсолон ва зану шавҳарро бояд ба фарзандон омӯзонанд. Модар барои духтар шахси наздиктарин аст ва роҳнамоӣ дар омӯхтани таҷрибаи рӯзгордориро маҳз модар анҷом медиҳад.

Волидайн фарзандонро бояд дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб тарбия намоянд, то ки фарзандон дар муқобили зуҳуроти манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд. Насли ҷавонеро тарбия намоянд, ки дар ҳаёт монеаҳои пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад. Зеро масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши осорхонаҳои таърихӣ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас чӣ гуна аст?
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст карда мешавад
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 17 май ҳарорати ҳаво баланд мешавад
Оила — ҷоест, ки дар он ҳама аъзои хонавода эҳсоси оромиш, амният ва ишқ намоянд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
Дар Шанхай вохӯрии роҳбарони сохторҳои минтақавӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи минтақаҳои наздимарзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» ҷамъбаст гардид
Нахустин маротиба дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд
Дар Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ анҷом дода шуд