ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мешавад

Май 18, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми «Шабе дар Осорхона» гузаронида мешавад. Дар доираи ин ин иқдом, ба тамошобинон 30 барномаи гуногуни фарҳангӣ пешниҳод мегардад. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид.

Осорхона маконе аст, ки ба воситаи ёдгориҳои худ метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд. Имрӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба осорхонаҳо ҳамчун махзани ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳу замонавии Осорхонаи миллӣ бунёд гардид.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, агар яке аз паҳлуҳои муҳими фаъолияти осорхона ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва муаррифии осори таърихию фарҳангӣ бошад, пас дигар ҷанбаи муҳими фаъолияти осорхона- ин фаъолияти оммавӣ-маърифатии он мебошад.

Дар замони кунунӣ шаклҳои гуногуни фаъолияти оммавӣ ё фарҳангӣ-маърифатии осорхонаҳо вуҷуд доранд. Мутахассисону донишмандони соҳаи осорхонашиносӣ 10 шакли асосии он: экскурсия, маъруза, машварат, хонишҳои илмӣ, иҷлосия, ҷаласа, озмун, вохӯрӣ бо шахсони наҷиб, консерт (намоиши театрӣ), ид ва бозиҳои таърихиро таъкид намудаанд.

Яке аз чорабиниҳои муҳиме, ки дар байни дигар чорабиниҳои оммавӣ-маърифатии осорхона мавқеи хосса дорад, баргузории Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо мебошад. Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо иди касбии тамоми кормандони осорхонаҳо маҳсуб мешавад. Агар ба таърихи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо нигарем, ҳанӯз 18 майи соли 1977 дар конфронси 11-уми генералии Шурои байналмилалии осорхонаҳо дар шаҳрҳои Москва ва Ленингради Русия ин чорабинии муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Соли 1978 Рӯзи байналмилалии осорхонаҳоро беш аз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар осорхонаҳои Тоҷикистон таҷлил намудаанд.

Фирдавси Абдулҳамид изҳор дошт, ки ҳамасола дар доираи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо икдоми «Шабе дар осорхона» доир мешавад. Баргузор намудани иқдоми «Шабе дар осорхона» бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Фаронса, Британияи Кабир ва Русия баргузор гардид.

Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам омадани шароити мусоид нахустин бор дар Тоҷикистон аз ҷониби Осорхонаи миллӣ соли 2013 иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона» 18 май баргузор гардид, ки минбаъд ҳамасола ид карда шуд. Ҳадафи ташкили ин иқдом пешбурди сиёсати фарҳангии мамлакат дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона, муарифии осори ниёгон, баргузор намудани чорабинии бузурги оммавӣ-маърифатӣ вобаста ба соҳаҳои гуногуни фарҳанг ва муаррифии осорхона ҳамчун макони таълимӣ-маърифатии муосир аст. «Шабе дар осорхона» чорабинии хос ва касбии осорхонавӣ аст ва он танҳо тамошои муқаррарии толорҳои намоишӣ нест,- гуфт корманди масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар доираи иқдоми «Шабе дар Осорхона» маҳфили «устод-шогирд», саҳнаҳои театрикунонида, намоиши филмҳои ҳуҷҷатии таърихӣ, бозиҳои зеҳнии гуногун гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ин сана тамошои осорхонаҳо ба таври ройгон амалӣ карда мешавад. Яъне, шаҳрвандон экспозитсияи осорхонаҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатиеро, ки тибқи рисолати касбӣ кормандони осорхонаҳо дар ҳамкорӣ бо аҳли фарҳанг бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо омода намудаанд, тамошо менамоянд. Соли равон Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18 майи соли 2025, аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилии «Шабе дар Осорхона»–ро баргузор менамояд.

Барномаи чорабиниҳо аз ифтитоҳи расмии чорабинии «Шабе дар Осорхона» бо иштироки карнайнавозон ва доирадастон оғоз ёфта, дар саҳни бинои Осорхонаи миллӣ ҳунармандони «Сирки давлатӣ» ва «Театри лӯхтак» бо барномаи ҷолиб меҳмононро истиқбол менамоянд. Тибқи барномаи «Шабе дар Осорхона» дар толор ва роҳравҳои Осорхонаи миллӣ иҷрои саҳнаи театрии «Абӯалӣ ибни Сино ва бемор», иҷрои саҳнаи «Лаҳзае аз рӯзгори одамони ибтидоӣ», намоиши дастовардҳои илмии Осорхонаи миллӣ, дарси устод-шогирд: «Санъати хушнависӣ», маҳфили фарҳангии «Ҳофизхонӣ» ба ифтихори бузургдошти 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, дарси устод-шогирд: «Тармим ва таҳкими осори таърихӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ», маҳфили фарҳангии «Олами ҷозибадори мусиқии асили тоҷик», иҷрои саҳнаи театрӣ «Садои хотирот» ба шарафи 80-солагии Ғалаба, маҳфили фарҳангии «Ҳофиз ва Шоир» ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода ва 125-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Сайидалӣ Вализода, намоиши «Ҳунарҳои мардумӣ», филми ҳуҷҷатии «Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо», намоиши сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, маҳфили «Як тасвир» Арт-фейс, нақшу нигори гулҳо дар дастон- «Ҳино» ва шоу- консерти сарояндагон: «Тантанаи Истиқлол» баргузор мегарданд.

“Инчунин дастовардҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, муаррифии ҳунари гулдӯзии тоҷикон, шоу-маҳфили кӯдакона–«Cosmo Land», дарси устод-шогирд: ҳунари кандакорӣ, намоиши «Ҳунари минётурнигорӣ», асарҳои тозаэҷоди рассомони Тоҷикистон таҳти унвони «Кохи нур», намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер таҳти унвони «Хотира аз Ҳофиз», ҳунари «Нардбозӣ» ба ифтихори пешниҳод шудани он ба Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, навозиши сози қонун аз ҷониби ҳунарманди соҳибзавқ Гулҷаҳон Илҳомӣ, иҷрои саҳанаи театрии «Муборизаи Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ», иҷрои саҳнаи театрии «Куруши Кабир- муаллифи аввалин эъломияи ҳуқуқи башар» ба ифтихори таҷлили 2550–солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, намоиши одамони мумиёшуда, маҳфили «Ҳозирҷавобӣ-нишони доноист» пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд. Ин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки осорхона барои қишрҳои гуногуни ҷомеа дастрас ва ҳамчун макони ҷамъиятӣ ҷиҳати баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ муаррифӣ карда шаванд”, — иброз дошт дар анҷоми суҳбат Фирдавси Абдулҳамид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 18, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ самараи даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад