Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?

Май 11, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии мамлакат дар 167,7 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  1,7 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар се моҳи соли равон иттилоъ додааст.

Аз ин шумора 92,3 гектарро дарахтони мевагиҳои тухмдор, 66,8 гектарро мевагиҳои донакдор, 6,3 гектарро меваҳои мағздор ва 2,3 гектарро меваҳои субтропикӣ ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 80 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд.

Инчунин дар ин давра 31,4 гектар токзори нав бунёд гардид, ки 16,1 гектари он ба заминҳои лалмӣ рост меояд. Барқарорсозии боғу токзори кӯҳна дар якҷоягӣ 461,3 гектарро ташкил додааст.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд. Иқлими мусоиди минтақаҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки майдонҳои боғу токзор аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосил зиёд гардад.

Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардидааст. Дар доираи амалишавии  он беш аз 113 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд мегарданд.

Бунёди ин боғҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад