КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои канорӣ доир карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои ин созмон якдилона дастгирӣ ёфт, доир мешавад.
Дар назар аст, ки дар конфронси байналмилалӣ беш аз 1000 нафар, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд. Ҳадафи аслии конфронс- муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳияи стратегияҳои муассир оид ба ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои обӣ мебошад.
Ҳадафи конфронс таъкид намудани нақши муҳими пиряхҳо дар нигоҳдории мувозинати экологӣ ва зарурати иқдоми фаврии ҷаҳонӣ барои боздоштани обшавӣ ва ақибнишинии пиряхҳо мебошад. Дар конфронси байналмилалӣ ба навовариҳои илмӣ, амалиёти муштарак ва ҳамкории сиёсӣ дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Дар доираи конфронси байналмилалӣ чунин форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд:
Форумҳои пешазконфронсӣ:
1. Кишоварзӣ дар марҳилаи обшавии пиряхҳо: мубориза бо хушксолӣ ва обхезӣ тавассути ҷудо кардани карбон ва баланд бардоштани устуворӣ дар минтақаҳое, ки аз пиряхҳо вобаста мебошанд;
2. Ояндаи мо: Форуми байналмилалии кӯдакон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлимӣ;
3. Форуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои пиряхҳо ва криосфера;
4. Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034).
Чорабиниҳои канорӣ:
5. Муколамаи вазирон оид ба устувории иқлимӣ, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об. Тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории обӣ ва иқлимӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои Осиёи Марказӣ.
6. Дар масири идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ.
7. Нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсимоти захираҳои обӣ.
8. Форуми занон оид ба ҳифзи пиряхҳо.
Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо платформаи муҳими ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадафаш ҷамъ овардани ҷомеаи илмӣ, пешвоёни сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар посух ба таҳдидҳои афзояндаи коҳиши босуръати пиряхҳо мебошад. Конфронси байналмилалӣ бо ҳамоҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ва сохторҳои низомии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Иштирок дар конфронс барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор кушода аст. Маълумоти иловагӣ, аз ҷумла барномаи чорабиниҳо ва тартиби сабти номро метавонед дар сомонаи расмии конфронс: https://dushanbeicgp2025.com. пайдо намоед.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






