КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои намояндагони расонаҳои кувайтӣ брифинг доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо иштироки намояндагони расонаҳои кувайтӣ брифинг доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода иштирокчиёнро бо нақшу мақоми Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ шинос намуда, аҳаммияти баргузории ин конфронсро дар раванди тақвияти талошҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим таъкид намуд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба идомаи талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла ташаббусҳои қаблӣ дар соҳаи об (ба мисли Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028») мусоидат мекунад.
Зубайдулло Зубайдзода иброз дошт, ки пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳимми оби ошомиданӣ ва обёрӣ дар минтақаҳои зиёд, аз ҷумла Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Обшавии босуръати онҳо таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти об, озуқаворӣ ва рушди иқтисодии давлатҳо ба шумор меравад.
Сафири Тоҷикистон баён намуд, ки конфронс платформаи муҳимми мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, таҳлили мушкилоти глобалии марбут ба пиряхҳо ва таҳияи стратегияҳои муштараки муқовимат ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим хоҳад буд.
Ҳамзамон ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ доир ба рӯзномаи конфронс ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои об пешниҳод гардид.
Дар интиҳои брифинг ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои муфассал дода шуда, омодагии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин конфронс таъкид гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






