КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад

Май 14, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардида,  Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро  Ҷумҳурии Тоҷкистон бар зимма дорад, расман оғоз мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.

Дар форум ба таъсири тағйирёбии иқлим ба занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» 29 май дар Китобхонаи миллӣ  дар чаҳорчӯбаи ташаббуси панҷуми байналмилалии Тоҷикистон дар самти об доир ба эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо» гузаронида мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид