КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардида, Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷкистон бар зимма дорад, расман оғоз мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.
Дар форум ба таъсири тағйирёбии иқлим ба занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» 29 май дар Китобхонаи миллӣ дар чаҳорчӯбаи ташаббуси панҷуми байналмилалии Тоҷикистон дар самти об доир ба эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






