Маротибаи аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи Grand Slam соҳиби 11 медал ва ҷойи якум гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2025», ки аз 2 то 4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) сазовори ҷойи якум гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре аз Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар доданд, дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо, ки бори дуюм дар Душанбе баргузор шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохил буд.
Дар ду рӯзи аввали мусобиқа варзишгарони тоҷик дар чор вазн байни мардон — 60 кг, 66 кг, 73 ва 81 кг; дар се вазн байни занон – 48 кг, 52 кг ва 57 кг рақобат карда, соҳиби 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) шуданд.
Дар рӯзи аввал ва дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) медали нуқра, Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ, Мадина Қурбонзода (дар вазин -52 кг) медали биринҷӣ, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали тилло ва Абубакр Шеров дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали тилло, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали нуқра ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни -100 кг медали нуқра ба даст оварданд.
Инчунин дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо гирифтани 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Фаронса бо гирифтани 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида шуданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар баробари медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо шуданд. Аз ҷумла, ғолибони ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар аввалин мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025», ки бо иштироки 390 варзишгар аз 65 давлат доир гардид, паҳлавонони тоҷик 7 медал ба даст оварда буданд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






