МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гелос хавфи саратонро дар бадани инсон кам менамояд

Май 24, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Амрико соли 2013 зимни таҳқиқот муайян намудааст, ки меваи гелос равандҳои илтиҳобиро дар бадани инсон коҳиш дода, иммунитетро мустаҳкам нигоҳ медорад. Яъне, он хавфи саратонро кам мекунад.

Гелос барои муолиҷаи бемории гулӯ ва шуш низ тавсия дода мешавад. Дар тибби мардумӣ мева, барг ва гулҳои онро истифода мебаранд. Обҷӯши мевааш хосияти табшикану пешобронӣ дорад. Дар тибби муосир шира, афшура ва гелоси тару тозаро, ки аз моддаҳои фаъоли биологӣ бой аст, ба кӯдакон чун маводи ғизоӣ тавсия медиҳанд.

Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби гелосро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода менамуданд. Ба ақидаи табибони мардумӣ, агар гелосро бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад ва агар хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Дар тибби илмӣ меваи гелосро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғайра тавсия медиҳанд.

Гелос хосияти хуби шифоӣ дорад. Обҷӯши баргаш барои дафъи рутубати узвҳои нафас, ширааш барои муолиҷаи сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст. Агар гелоси хушккардашударо дар об тар карда, ба беморони ҷигар фармоянд, талхаро тунук мекунад. Тарзи тайёр намудани дамхӯрдаи меваҳои хушки гелос, ки барои муолиҷаи камхунӣ давои хуб аст, чунин аст: яъне  50 грамм меваи хушки гелосро гирифта, дар термос ё ягон зарфи сирдор андохта, ба болояш 300 грамм оби ҷӯш мерезанд ва онро дам медиҳанд. Пас онро аз дока гузаронида, 100-граммӣ 3 бор дар як рӯз ним соат пеш аз қабули таом истеъмол менамоянд. Ин нӯшоба давои хубест барои муолиҷаи камхунӣ. Дар як рӯз аз 200 то 300 грамм  истеъмол кардани он тавсия дода мешавад.

Яке аз хусуияти дигари ин мева он аст, ки истеъмоли гелос боиси кам гардидани вазни инсон мегардад. Гелос аз сабаби миқдори ками калория ҷузъи дилхоҳи парҳез ва аз даст додани вазн мебошад. Илова бар ин, он манбаи ғании пектин, нахи ҳалшавандаи ғизоӣ аст, ки ҳангоми дучор шудан ба об ҳаҷми онро зиёд мекунад ва меъдаро ба муддати дароз пур намуда, эҳсоси серӣ мебахшад.

Олимон истеъмоли гелосро ба кӯдакон тавсия медиҳанд. Зеро он дорои оҳан буда, ба осонӣ аз ҷониби бадан ҷаббида мешавад ва сатҳи гемоглобинро зиёд мекунад. Бартарии иловагӣ таъсири оромкунанда доштани он аст. Агар фарзанди шумо хоби хуб надошта бошад ё аз ҳад зиёд фаъол бошад, ба ӯ шарбати гелос диҳед. Илова бар ин, нӯшидани шарбат барои паст кардани ҳарорати баланди бадан таъсир мерасонад. Дар мубориза бо табларза ва ҳангоми шамолкашӣ низ кумак мекунад. Аммо волидайн набояд фаромӯш кунанд, ки истеъмоли он бо донааш ба кӯдакон зарар дорад. Агар кӯдак зиёда аз даҳ донаки онро бихӯред, он метавонад сабаби оқибатҳои вазнин гардад.

Барои занони ҳомила истеъмоли гелос боиси коҳиш додани рагҳои варикоз мегардад. Гелос дорои хосиятҳои антиоксидантӣ мебошад, ки пиршавии баданро суст мекунад. Бисёре аз маҳсулоти косметикӣ дорои шарбати гелос мебошанд.

Нафароне, ки захми меъда, бемории аллергияи даҳон, хориш, атса, нафастангӣ ё диабети қанд доранд, гелосро танҳо бо  тавсияи табибон метавонанд истеъмол намоянд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Май 24, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад