МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид аст

Май 17, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Шафтолу меваи сероб буда, таъми хуб дорад ва дар организм зуд ҳал мешавад. Он ба меъда барои ҳазм намудани хӯроки серравған кумак мерасонад. Барои бемориҳои тарбод (ревматизм) ва касалиҳои гурда, рагу дил, ҷигар ва талхадон муфид мебошад.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки шафтолуи тару тоза ва консерванамударо ҳамчун хӯроки парҳезӣ ва барои табобати роҳи ҳозима бояд истеъмол намуд, чунки он ба ҳазм намудани хӯрок таъсири хуб дорад. Барои нафароне, ки пас аз беморӣ беҳоланду иштиҳо надоранд, хӯрдани шафтолу  тавсия дода мешавад. Шафтолу барои бартараф намудани қабзият ва сӯзиши меъда низ муфид аст.

Шафтолу дар баробари афлесун ва манго яке аз меваҳои лазиз аст, ки маззаи тароватбахш ва бӯйи хеле нозук дошта, асосан дар намуди тару тоза истеъмол мешавад. Ғайр аз ин, аз он шарбат, афшура, мураббо ва шафтолуқоқ тайёр менамоянд.

Истеъмоли шафтолу кори майнаро беҳтар намуда, деворҳои рагҳои хунро мустаҳкам менамояд. Агар шумо бемории мубодилаи моддаҳо ё камхунӣ дошта бошед, аз шафтолу парҳез намоед.

Бештари донаи шафтолуҳо талх буда, баъзан бо шафтолуҳои донакашон ширин низ вохӯрдан мумкин аст. Донаки он хеле муфид мебошад, зеро дар таркиби он рағани бодом ва витамини машҳури В17 мавҷуд аст. Равғани донаки шафтолуро дар истеҳсолот ва тиб васеъ истифода менамоянд.

Меваи шафтолу аз ҷиҳати калориянокӣ чандон бой нест. Дар 100 грамм мева ҳамагӣ 45 кКал, аз ҷумла 0,9 г сафеда, 0,1 г равған, 9,5 г карбогидратҳо, 0,7 кислотаҳои орагникӣ, 2,1 г нахи ғизоӣ, 86,1 г об, 0,6 г хокистар мавҷуд аст. Аз ҷиҳати витаминнокӣ он хеле ҳам бой буда, дорои витаминҳои А, В1, В2, В5, В6, В9, С, Е, Н, РР мебошад. Дар таркиби мева бештар калий (363 мг) мавҷуд буда, миқдори натрий хеле кам (30 мг) аст.

Дар Тоҷикистон аслан анҷиршафтолу, шафтолуи сурх, лола, норанҷӣ, равғани гов, элберта, луччаки сурх, сафедшафтолу, чемпион ва старт парвариш меёбанд. Ин мева аслан аз 75 то 300 грамм вазн дорад. Аз ҳар як дарахт аз 20 то 40 кг мева ҷамъоварӣ карда мешавад.

Олимони тиб муайян намудаанд, ки агар инсон ҳар рӯз шафтолу истеъмол намояд, он бисёр бемориҳоро дар организм пешгирӣ менамояд.

Истеъмоли шафтолу дарунро мулоим намуда, ташнагиро таскин медиҳад. Фишори баланди хунро паст карда, бӯйи даҳонро рафъ ва иштиҳоро мекушояд.

Меваи шафтолу ба одамони тармиҷоз ва ба асабҳо зарар дорад, дар меъда зуд бадбӯ мегардад, таби дуру дароз пайдо мекунад. Дар ин маврид хӯрдани асал ё мураббои занҷабил тавсия дода мешавад.

Агар 50 грамм оби барги шафтолуро бинӯшед ва гулашро бо шакар бардавом бихӯред, ҳамаи кирмҳои меъдаро мекушад.

Гули шафтолуро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир карда, ба болои озах бандед, озахҳоро хушк мекунад.

Агар шумо гӯшдард бошед, ним грамм равғани мағзи шафтолуро ба гӯшатон бичаконед, дарди гӯшро рафъ менамояд.

Донаки онро дар оташ сӯзонда, мағзи онро ҷудо карда, кӯфта, ба доначае, ки дар бадани кӯдакон пайдо мешаванд, бимолед, зуд шифо мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки дарахти шафтолу 3-5 метр қад мекашад. Баргаш нештаршакли дарозрӯя (дарозиаш 10-18 см, бараш 2-5 см), дандонадор, гулаш сурх ё гулобӣ, мевааш кулула, тухмшакл, гирда ё дарозрӯя, пашмакдор ё лучак, рангаш гуногун (аз сабзи сафедтоб то норинҷӣ), пӯсташ тунук, мағзаш сафед, зард, гулобӣ, сершира ва ширин  мешавад.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 17, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
Иқдоми навбатии Сарвари давлат гувоҳи арҷгузории Қаҳрамони Тоҷикистон ба қаҳрамонии қаҳрамонон аст
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
ХОТИРАЕ, КИ МИЛЛАТРО ЗИНДА МЕДОРАД. Иқдоми Президенти Тоҷикистон оид ба пос доштани хотираи чеҳраҳои бузурги миллӣ ҳифзи асосҳои маънавии давлатдории муосири тоҷиконро ифода менамояд
БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД! Нусратулло Махсум барои муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додааст
Муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин таҳким меёбанд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД! Барои самаранок гузаронидани давраи таътили фарзандон омода мешавем
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад