Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ аз намуди футбол бо иштироки дастаҳои беҳтарини шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин мусобиқа ва ҳамчунин мусобиқаҳои минбаъда иштироки доварони ботаҷриба зарур аст. Аз ин рӯ барои 20 нафар доварони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят даврҳои омӯзишии назариявӣ ва амалӣ баргузор гардиданд.
Бо ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон давоми чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои муосири футбол бунёд шуданд, ки дар онҳо барои баргузории ҳам мусобиқаи Лигаи вилоятӣ ва ҳам мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 2024 дар саросари ҷаҳон 25 май чун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






