Моҳи май дар Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол доир карда мешавад

Май 4, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 04.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи май дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мусобиқаи вилоятӣ аз намуди футбол бо иштироки дастаҳои беҳтарини шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин мусобиқа ва ҳамчунин мусобиқаҳои минбаъда иштироки доварони ботаҷриба зарур аст. Аз  ин рӯ барои 20 нафар доварони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят  даврҳои  омӯзишии назариявӣ ва амалӣ баргузор гардиданд.

Бо ташаббуси  Федератсияи футболи Тоҷикистон давоми чанд соли охир  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои муосири футбол бунёд шуданд, ки  дар онҳо барои баргузории ҳам мусобиқаи Лигаи вилоятӣ ва ҳам мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 2024 дар саросари ҷаҳон 25 май чун Рӯзи ҷаҳонии футбол  таҷлил карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 4, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад