Намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар машварати байналмилалӣ дар Италия иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 22 май дар шаҳри Турини Италия оид ба баланд бардоштани малакаи касбӣ машварати байналмилалӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Дар машварат дар баробари иштирокчиён аз мамлакатҳои Осиёи Марказӣ намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти малакаи касбӣ маъруза намуданд.
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти табодули таҷрибаи кормандону масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо шарикон ҳамкорӣ намуда, чунин машваратҳоро мунтазам дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ баргузор менамояд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






