Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд

Май 28, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд.

Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд аз дастовардҳои олимону муҳаққиқони Донишгоҳ, лоиҳаҳои сармоягузории таҳиягардида, пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва раванди таълим дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, фаъолияти бонкӣ ва амсоли инҳо дидан намуд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода таъкид намуд, ки саҳми Бонки Осиёии рушд дар инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳаи маориф бисёр назаррас мебошад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати сармоягузории Бонки Осиёии рушд соҳаи маорифи мамлакат дар самти рушд ва азнавсозӣ ба имкониятҳои нав ба нав ноил мегардад.

Дар идома Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд барои дастгирӣ ва сармоягузории бунёди Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ  карда шуд.

Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки лоиҳаҳои нави донишгоҳ ба унвонии Бонк пешниҳод гардидаанд. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар самти таҳкими инфрасохтор дар зинаҳои мухталифи таҳсилот, рақамикунонии раванди таълим, татбиқи технологияҳои сабз, ҳамзамон беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши калидӣ доранд.

Таъкид гардид, ки имрӯз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун нахустин донишгоҳи дорои мақоми байналмилалӣ дар мамлакат, аз рӯйи низоми бисёрзинагии таҳсилот мутахассисонро омода намуда, ҳадаф дорад, ки ба маркази илмию таҳқиқотӣ ва таълимии бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёбад.

Дар робита ба ин, ректори донишгоҳ тазаккур дод, ки мо дар ҳамкорӣ бо олимони ватаниву хориҷӣ дар доираи Стратегияи рушди муассиса барои давраи то соли 2040 ба масоили таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба самтҳои рақамикунонии таҳсилот, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ, рушди соҳибкории инноватсионӣ, бонкдорӣ, сайёҳии обию экологӣ, табобатию куҳнавардӣ, татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” дар низоми таҳсилот, инчунин таҳкими инфрасохтори таҳсилотӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоем.

Зимни шиносоӣ мулоқоти ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва иқтисодшиносони мамлакат баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Май 28, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд