Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд

Май 15, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмон дар иншооти муҳими фарҳангӣ – Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 17 марти соли 2015 ба корҳои сохтмон дар Театри миллии Тоҷикистон оғоз бахшида буданд.

Бинои театри миллӣ дар як маҳалли зебои шаҳри Душанбе – паҳлуи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат афрохтааст.

Зимни боздид аз иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбист ва сохтмончиён корро ба хотири дар муҳлати як моҳ ва босифат анҷом додани он метезонанд.

Ҳоло 500 коргар дар рафти сохтмон фаъолият доранд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи нақша бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Барои бунёди бинои театр наздики 3 га замин ҷудо шудааст.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосӣ дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигари конфронсию консертӣ ҳар яке дорои 1000 курсӣ хоҳад буд.

Дар театр ҷой барои оркестр, ҳуҷраҳои машқу тамрин, меҳмонхона ва дигар шароити зарурии кории ҳунармандон бунёд мешавад, ки ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мешавад.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва ғайра муҷаҳҳаз карда мешавад.

Иншоот дорои 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор хоҳад буд.

Аснои боздид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба иҷрои босифат ва саривақтии корҳо ҳидоят намуданд.

Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои Театри миллии Тоҷикистон 15.05.2025

Май 15, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар