ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад

Май 8, 2025 14:48

ДУШАНБЕ, 08.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Охирҳои моҳи майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар назар аст. Дар робита ба он ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Рухсора Расулзода ворид гардид, ки пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

— Тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои ҷиддии башарият дар асри XXI мебошад. Баландшавии ҳарорати ҳаво, норасоии оби ошомиданӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиӣ аллакай ба ҳаёти миллионҳо одамон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Тибқи арзёбии мутахассисон, сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим на равандҳои табиӣ, балки фаъолияти инсон, аз ҷумла партовҳои газҳои гулхонаӣ ва моддаҳои зарарноки соҳаи саноати вазнин, нобудшавии ҷангалу вайрон шудани экосистема ва сӯзишвории ихроҷшудаи нақлиёт мебошанд.

Дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки дар ҷараёни истифодаи захираҳои табиӣ ва фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз ибтикорҳои дастҷамъона кор бигирад. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар маросими ифтитоҳи COP27 дар шаҳри Шарм-уш-Шайх (7 ноябри соли 2023) аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим сухан гуфта, таъкид намуданд: “Сайёраи мо босуръат ба нуқтае наздик мешавад, ки бесарусомонии иқлимро бебозгашт мегардонад. Мо дар шоҳроҳи ҷаҳаннами иқлим ҳастем”.

Тоҷикистон дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ фаъолона иштирок мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дошта, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро доир ба масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ҷалб менамоянд.

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Ҳамчунин тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон гардида истодааст. Пиряхҳо барои танзими иқлими ҷаҳонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими давраи гидрологӣ ва таъмини миллиардҳо одамон бо оби тоза аҳаммияти ҳалкунанда доранд. Бинобар тағйирёбии иқлим, ки асосан бо фаъолияти инсон аз солҳои 1800-ум ба вуҷуд омадааст, ин захираҳои ҳаётан муҳим босуръат аз байн мераванд. Обшавии босуръати ҳозира ва камшавии пиряхҳо ба иқлим, муҳити зист, нигоҳдории некуаҳволӣ ва саломатии одамон ва рушди устувор, аз ҷумла ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Таъсири обшавии пиряхҳо дар гузоришҳои махсуси “Global Warming of 1.5 °C” («Гармшавии ҷаҳонӣ 1,5°С ») ва “The Ocean and Cryosphere in a Changing Climate” («Уқёнус ва криосфера дар заминаи тағирёбии иқлим»), ки аз тарафи Гурӯҳи байниҳукуматӣ доир ба тағирёбии иқлим омода гардидааст, гуфта шудааст.

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйен дар суханронияш ҳангоми ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» дар шаҳри Самарқанд вобаста ба тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо гуфт, ки “ҳам Осиёи Марказӣ ва ҳам Аврупо назар ба тамоми ҷаҳон ду баробар тезтар гарм мешаванд. Ва ҳарду минтақа ин таъсирро эҳсос мекунанд. Дар ин минтақаи зебо, ки байни кӯҳҳои яхбаста ва биёбонҳои сӯзон тӯл кашидааст, таҳдиди тағйирёбии иқлим вуҷуд дорад. Сол то сол баланд шудани хати барф дар кӯҳҳо, об шудани пиряхҳо ва кам шудани обҳои зеризаминӣ ба мушоҳида мерасад. Таъмини об дар минтақа то чоряки он ҳаҷме, ки ҳамагӣ 50 сол пеш буд, кам шудааст. Ин воқеияти сахти тағйирёбии иқлим аст”.

Бо назардошти ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси нави ҷаҳониро таҳти унвони “2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод намуд, ки соли 2022 аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Қатъномаи А/77/443 қабул шуд. Ҳамчунин тибқи қатъномаи мазкур, 21 март ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муқаррар гардид.

Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, то ба пиряхҳо аҳаммияти махсус зоҳир гардад ва зиндагии нафароне, ки аз он вобастагӣ дорад ва равандҳои криосферӣ ба онҳо таъсир мерасонад, кафолати дастрасӣ ба хизматрасонии гидрологӣ, метеорологиву иқлимиро пайдо кунанд. Дар ин замина, нақши муҳими минтақаҳои кӯҳиро ҳамчун манбаи асосии оби тоза ва экосистемаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш дар барқияи худ ба Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро барои саъю кӯшиш дар ин ҷодаи муҳим баён намуда, иброз карданд, ки “ин тасдиқи муҳими эътимоди кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ба кишвари Шумо ҳамчун пешбарандаи мавзуи ҳифзи пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ва ҳомии нишон додани равобит миёни оби тоза, кӯҳҳо ва тағйирёбии иқлим дар роҳи татбиқи ҳадафҳои баҳампайвасти Рӯзномаи рушди устувор 2030 мебошад”.

Дар заминаи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милал Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Тоҷикистон ҳамчун муаллифи қатънома ҳиссаи худро дар ин Бунёд гузошт ва аз ҳамаи шарикон низ даъват ба амал овард, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз, 3 сентябри соли 2009 дар Конфронси сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим дар шаҳри Женева дар бораи аҳаммияти муҳими иҷтимоиву иқтисодии захираҳои об, нигоҳ доштани пиряхҳо ва захираҳои барф дар минтақа, анҷом додани корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ, ташкили назорат аз болои таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таъкид намуда, таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро зарур донистанд.

Соли 2025 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Созмони ҷаҳонии метеорологӣ мизбони якумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд. Конфронси мазкур идомаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзуъҳои обу иқлим буда, дар он шумораи зиёди роҳбарону намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон масъалаҳои вобаста ба арзёбии мушкилоти глобалии пиряхҳо ва дарёфти роҳҳои мушаххаси ҳалли онҳоро баррасӣ мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо якҷо бо Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” (криосферӣ) пешниҳод манзур намуд, ки тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал 13 августи соли 2025 ҷонибдорӣ ёфт.

Бо назардошти аҳаммияти хоссаи ин масъалаҳо ва ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Бояд гуфт, ки зиёда аз 2 миллиард сокинони сайёра барои оби тоза, аз ҷумла барои таъмини амнияти озуқаворӣ, воситаҳои зиндагӣ, эҳтиёҷоти фарҳангӣ ва маишии худ аз манбаъҳои оби пиряхҳо ва барфҳо истифода мекунанд. Коҳиши доимии пиряхҳо ба болоравии сатҳи ҷаҳонии баҳр сабаб гардидааст, ки имрӯз сатҳи баҳр нисбат ба соли 1900 тақрибан 20 сантиметр баланд гардида, барои аҳолии соҳилӣ хатар эҷод мекунад. Ин раванд ба иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба бахшҳои кишоварзӣ, гидроэнергетика, сайёҳӣ, тиҷорат ва нақлиёт таъсири манфӣ мерасонад. Ҳифзи пиряхҳо барои устувории экологӣ, суботи иқтисодӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ва воситаҳои зиндагӣ муҳим аст.

Ҳангоми кам ва ё нобуд шудани пиряхҳо экосистемаҳои ҳассосу беназир ва гуногунии муҳими биологӣ, ки ҳаётро дар сайёра нигоҳ медоранд, нест мешаванд.

Пиряхҳо на танҳо ба муҳити зист таъсири мусбат мерасонанд, балки барои омӯзиши таърихи сайёра ҳамчун сарчашмаи боэътимоди илмӣ истифода мегарданд,  ки дар қабатҳои он муҳити гузаштаи замин сабт шудааст. Аз ин рӯ, об шудани пиряхҳо боиси аз байн рафтани бойгониҳои нодир мегардад. Сабти таърихи пиряхҳо бояд ҳамчун мероси илмӣ барои наслҳои оянда ҳифз карда шавад.

Ҳамкории ҷаҳонӣ калиди мубориза бо тағйирёбии иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо мебошад. Солҳои охир аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим бисёр тадбирҳои мушаххас андешида шуда,  кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои абарқудрат ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили гирдроэнергетика, офтобу шамол сармоягузорӣ мекунанд ва вобастагии худро аз сӯзишвории истихроҷшаванда коҳиш медиҳанд.

Ҳоло мавзуи тағйирёбии иқлим дар сиёсати ҷаҳонӣ таъсири бештар мерасонад. Давлатҳо дар якҷоягӣ рӯзномаи ҷаҳонии иқлимро таҳия намуда, майдон ва қолабҳои нав барои гуфтушунидҳои сиёсӣ, ба мисли Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP) пайдо шуданд. Гузариш ба неруи «сабз» тавозуни қувваҳоро дар бахши энергетикаи ҷаҳонӣ тағйир медиҳад. Аҳамияти кишварҳое, ки барқро бо истифода аз технологияҳои барқароршаванда истеҳсол мекунанд, меафзояд. Мусобиқаи барои ба даст овардани технологияҳои нав оғоз гардид ва ҳар касе, ки зудтар ба иқтисоди “сабз” мегузарад, бартарии рақобатӣ ба даст меорад.

Дар ин роҳ Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи технологияҳои “сабз” мебошад ва дар доираи Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” то соли 2037 азм дорад, ки истеҳсоли неруи барқро пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монад. Дар ин замина афзоиши тавлиди энергияи “сабз” яке аз роҳҳои асосии табдил додани Тоҷикистон ба кишвари “сабз” мебошад.

Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен зимни суханронӣ дар Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Осиёи Марказӣ пешорӯи мушкилоти ҷаҳонии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» аз Неругоҳи азими барқи обии «Роғун» ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «… онҳо барои тамоми сайёраи мо ҷиҳати ҳифзи иқлим ва табиати он судовар хоҳанд буд».

Пиряхҳо, ки на танҳо манбаи оби тоза, балки муҳимтарин нишондиҳандаҳои иқлимӣ мебошанд, зери таъсири гармшавии ҷаҳон зуд об мешаванд. Нопадид шудани онҳо ба норасоии об, болоравии сатҳи баҳр ва харобшавии экосистема таҳдид мекунад.

Эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ як ишораи муҳим аст, ки ҳоло амал кардан заурр  аст. Танҳо тавассути муттаҳид кардани неруҳои ҳукуматҳо ва ҷомеаи илмӣ метавонанд суръати тағйирёбии иқлимро кам кунанд ва пиряхҳоро ҳамчун рамзи устувории табиӣ ва аҳамияти ҳаётан муҳими об барои наслҳои оянда нигоҳ доранд. Баррасии ин мушкилот на танҳо дар сатҳи олимону сиёсатмадорон, балки дар байни шаҳрвандони одӣ низ муҳим аст, зеро ояндаи сайёра аз тасмими бошууронаи ҳар инсон вобаста аст.

Рухсора РАСУЛЗОДА,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2025 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад
Барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» мусобиқаи варзишӣ эълон карда шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Таваҷҷуҳи сокинон ба парвариши маҳсулот дар гармхона бештар гардидааст
Моҳи май дар Душанбе Форуми ХVIII зиёиёни эҷодкор ва олимон баргузор мешавад
Дар Истаравшан вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест