Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмини об дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши назаррас доранд

ДУШАНБЕ, 04.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 майи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки ин иқдоми назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.
Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад сабаби оқибатҳои манфӣ гардад. Бо назардошти ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои тамаркуз намудан ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Перомуни ин иқдоми байналмилалии Президенти Тоҷикистон коршиносон ва муҳаққиқон мақолаю гузоришҳои арзишманд навиштаанд. Дар зер яке аз онҳоро пешниҳоди хонандагон менамоем.
-Тибқи таҳқиқот, яке аз сабабҳои об шудани пиряхҳо агар хушксолию баланд шудани ҳарорат бошад, сабаби баланд гардидани ҳарорат буридани ҷангалҳо мебошад, зеро мардум ҳезумро чун сӯзишворӣ истифода менамоянд.
Буридани ҷангалзор ва нобудшавии онҳо ҳоло ҳам зери таъсири инсон ва сӯхторҳои табиӣ идома дошта, ҳамасола садҳо гектар ҷангалзори кӯҳӣ аз байн бурда мешавад. Дар минтақаҳое, ки даромади солонаи мардум аз кишту кор ва кишоварзӣ вобаста аст, онҳо имкони харидории маводи сӯзишворӣ, аз қабили ангишт, газ ва ҳезумро надоранд. Мардуми ин минтақаҳо аз буридани буттаҳо ва дарахтони кӯҳӣ ниёзи рӯзмарраашонро бароварда мекунанд, ки ин боиси кам шудани растанӣ дар ин минтақаҳо ва яке аз омилҳои рушди ҳарорати миёнаи солонаи сатҳи Замин мегардад.
Пиряхҳои бузургтарине, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи асосии оби ширин ва оби чашмасоронро ташкил медиҳанд, дар баландкӯҳҳои Помир, Муғон, Бартанг, Зарафшон, Қизилсу, Ғунд, Хингоб ва дигар минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат воқеъ гардидаанд. Ин пиряхҳо ҳафтоду панҷ фоизи оби солона ва мувофиқи таҳлилҳо, панҷоҳ дарсади ғизои тобистонаи оби дарёҳоро ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол то сол дар ин минтақаҳо пиряхҳо аз ҷиҳати ҳаҷм кам гардида, камшавии онҳоро бо одитарин нигоҳ, яъне камшавии обҳои чашмасорони кӯҳистон ва аз байн рафтани қуллаҳои баланди кӯҳҳои барфпӯш мушоҳида мекунем.
Муҳаққиқоне, ки ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон машғуланд, бар он андешаанд, ки давоми даҳсолаи охир масоҳати онҳо сол аз сол хурд шуда, зиёда аз 30 фоизи масоҳати худро гум намудаанд ва бештар аз 1 ҳазор пиряхҳои хурд комилан аз байн рафтаанд. Аз ҷумла пиряхҳои калони мамлакат, ба монандаи Зарафшон зиёда аз 2 км, Ванҷях 2,5 км ва Гармо 6,3 км таназул ёфтаанд. Ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад ва барои табиат хатару мушкилоти зиёд ба бор меорад.
Мувофиқи иттилои пиряхшиносон, дар Тоҷикистон давоми 20 соли охир 15 пиряхи дорои дарозии 4 то 5 км комилан об шудаанд. Захираҳои обии пиряхҳои ҷумҳуриамон 456,9 км3 -ро ташкил дода, дар як сол аз ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 км3 об ҷорӣ мешавад. Дарёҳои Ому, Ванҷ, Панҷ, Зарафшон ва дигар дарёҳои калонтарини Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд ва дар фасли баҳору тобистон дар натиҷаи об шудани пиряхҳо сатҳи оби ин дарёҳо хеле баланд мебароянд.
Пиряхи Ванҷях (Федченко) яке аз калонтарин пирях дар ҷаҳон маҳсуб шуда, дарозтарин пиряхи берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Масоҳати пирях тақрибан 700 км² буда, дар байни пиряхҳои Авруосиё пиряхи Ванҷях аз ҷиҳати масоҳат ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон дар таъмин намудани об дар минтақаи Осиёи Миёна нақши назаррас доранд ва дар баробари ин якчанд пиряхи бузурги дунё низ барои бо об таъмин намудани сайёраи замин нақши калидӣ доранд, ки гуфтани баъзеи онҳо ба маврид мебошад.
Пиряхи Ҳаббард калонтарин пиряхи табиӣ дар Амрикои Шимолӣ дар масофаи 122 километр (75 мил) аст, ки ин пирях бо ду сабаб беназир аст. Он тақрибан давоми сад соли охир афзоиш ва пешрафтро идома медиҳад. Моҳи майи соли 1986 пиряхи Ҳаббард то ба дараҷае ба баҳр баромад, ки даромадгоҳи Рассел Фиордро баста, «Кӯли Рассел»-ро ба вуҷуд овард. Тобистони соли 1986 кӯли нав аз оби тоза пур шуда, сатҳи он аз сатҳи баҳр 25 метр баланд шуд ва кам шудани шӯрӣ ба олами набототу ҳайвоноти баҳр таҳдид намуд.
Пиряхшиносон пиряхи Биафоро бародари хурдии Ванҷях унвон намудаанд ва ин пирях дар кӯҳҳои Қарақорум ҷойгир аст. Кӯҳҳои Қарақорум яке аз калонтарин қаторкӯҳҳои Осиё буда, дар саросари Ҳиндустон, Покистон, Чин, Афғонистон ва Тоҷикистон тӯл кашидаанд. Оби пиряхи Биафо ба дарёи Ҳинд, яке аз калонтарин ва муҳимтарин дарёҳои Ҳиндустон ҷорӣ мешавад. Тибқи таҳлилҳо, расидан ба он ҷо хеле душвор буда, дар як сол камтар аз 200 нафар бо сабаби хатарноку душворгузар будани мавқеи ҷойгиршавии он ин манзараҳои аҷибро тамошо мекунанд, ки ин хеле кам мебошад.
Пиряхи Сиачен дар байни Ҳиндустон ва Покистон дар хати назорати байни ду давлат ҷойгир аст ва 75 километри мураббаъро дар бар мегирад. Шароити обу ҳавои пиряхи Сиачен хеле вазнин аст. Дар ин ҷо сарбозон бо шамолҳои сахт дар ҳарорати то 60 дараҷа хунук рӯ ба рӯ мешаванд ва инчунин дар он ҷо фаромадани тарма зиёд мушоҳида мешавад ва ҳарорати номусоиди он боис шудааст, ки сарбозон ба бемориҳои зиёд рӯ ба рӯ шаванд. Бояд гуфт, ки аз соли 1984 инҷониб дар ин ҷо тақрибан 1000 сарбоз ҳалок шудаанд. Ин минтақа як бартарии стратегӣ-ҷуғрофӣ ва сиёсӣ дорад, зеро он хати тақсими байни Осиё ва нимҷазираи Ҳиндро ташкил медиҳад.
Пиряхи Балторо дар Покистон мавқеъ буда, дар минтақаи Гилгит-Балтистон ба вуҷуд омадааст. Балторо манбаи дарёи Шигар аст, ки ба дарёи Ҳинд ҷорӣ мешавад. Роҳи санглох дар болои пиряхи Балторо роҳе аст, ки ба лагери пойгоҳи Чогори- К2 мебарад. Чогори-К2 дуюмин қуллаи баландтарин дар ҷаҳон ва манзараи аҷиб дорад. Дар ибтидои асри XIX бо пиряхи Балторо ва шохоби рости он Музтог тавассути ағбаи Музтог (5860) аз Кашмир ба водии Раскемдарё то Туркистони Шаркӣ роҳи корвон мерафт. Баъдтар ин хатсайр аз сабаби зиёд шудани бориши барф ғайриимкон ва баста шуд. Дар асри XX пирях каме аз ҳолати пештарааш камтар шуда, мувофиқи маълумоти аксҳои кайҳонӣ мавқеъ ва ҳолати пирях дар солҳои 70-ум тағйир наёфтааст.
Пиряхи ҷанубии Инилчек дар кӯҳҳои марказии Тияншон дар минтақаи Иссиқкӯл ҷойгир аст. Он дар шимолу шарқи Қирғизистон ва Чин аст. Дарозии он 61 километр (38 мил) мебошад. Роҳи ҷанубии Инилчек душвор аст, аммо дар роҳ лагерҳои муқарраршуда мавҷуданд. Барои дохил шудан ба он ҷой сайёҳ бояд аз тавсияи роҳбаладони сайёҳии касбӣ гузарад. Сайёҳон дар ин сафари яктарафа аз лагери Ат-Ҷайло дар водӣ оғоз намуда, ба лагери Пойгоҳи Ҷанубии Инилчек мерасанд. Вай дар байни куллаҳои Хан-Танги ва дарёи Поби, дар баландии 7000 метр воқеъ аст.
Дар Покистон пиряхи Батура дар ноҳияи Гоҷали Гилгит-Балтистон ҷойгир аст. Дарозии пиряхи Батура 56 км (35 мил) аст. Ба Батура расидан душвор аст, зеро қариб дар мобайни роҳ аст. Пас аз он ҷо сайри пирях вобаста аз обу ҳаво ва сатҳи ҳаракат тақрибан панҷ рӯзро фаро мегирад. Ин минтақа ба таври ҳайратангез зебо аст ва сокинони маҳаллӣ дар он дӯстона умр ба сар мебаранд ва хеле меҳмоннавоз мебошанд.
Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон ва нақши онҳо дар инкишофи табиати минтақаи Осиёи Марказӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, барои таъмин намудани масъалаҳои обу намнокӣ ба ҳифзимуҳити зист ва бо об таъмин намудани минтақанақши назаррас доранд. Пас бояд барои ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзишу пажуҳиши пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бетараф набошад ва ҳамагон барои ҳифзион кӯшиш намоянд.
Субҳиддин ЗИЁЕВ,
ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз