Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст»
ДУШАНБЕ, 17.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз намуданд.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «соли равон буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба татбиқи боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус, нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд».
Пешвои миллат вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим афзуданд, ки чунин омилҳо боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мегарданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, «ин равандҳо ба Тоҷикистон низ бетаъсир нестанд ва мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем. Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем».
Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин пайомадҳо сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакатро вазифадор намуданд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, ҳусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд.
Барои мутобиқ гардидан ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим Сарвари давлат иброз намуданд, ки «сохтору мақомоти марбутаро зарур аст доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ, ҳифзи зироат аз касаливу ҳашароти зараррасон, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар ин самтҳо тадбирҳои мушаххас андешанд».
«Бори дигар таъкид менамоям, ки танҳо бо саъю талоши ҳар сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ноил гардем»,-афзуданд Пешвои миллат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






