Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳхо баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар навбати худ ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Сарвари давлати мо дар ҷодаи истифодаи об ҳамчун сарчашмаи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд доданд.
Бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034” ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт.









Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад






