РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ ДАР ДУШАНБЕ. Пагоҳ нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад, ки он аллакай таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ҷалб намудааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ин чорабинии навбатии таърихӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо қарори иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, баргузор мегардад.
Дар остонаи ифтитоҳи расмии конфронс 29 май дар Душанбе форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ баргузор мешаванд, ки барои гирди ҳам овардани коршиносон, олимон, экологҳо, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ҷавонон аз саросари ҷаҳон пешбинӣ шудаанд. Ин вохӯриҳо барои баррасии ҳалли илмӣ, сиёсӣ ва амалии ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби тоза ва тавозуни ҷаҳонии иқлим замина фароҳам меоранд.
Ба иттилои Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, яке аз натиҷаҳои аслии ҳамоиш қабули Эъломияи Душанбе дар бораи пиряхҳо, даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ барои пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва кам кардани таъсири он хоҳад буд. Хулосаи ҳамраисон ва Даъвати Душанбе низ пешниҳод хоҳанд шуд, ки тавсияҳо, изҳорот ва роҳҳои пешрафтро барои ҳамкории минбаъдаи байналмилалӣ дар бар мегиранд.
Конфронси Душанбе дар таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва сиёсӣ, табодули донишу таҷриба ва пешбурди ташаббусҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор қадами муҳим хоҳад буд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Котиботи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо








Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»






