Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст

Январь 1, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар Тоҷикистон Шурои миллии об ташкил карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъсиси Шурои миллии об дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим, камшавии захираҳои об ва афзоиши талаботи рӯзмарра ба оби тозаву босифат ба рӯйдоди таърихӣ ва иқдоми муҳим дар самти таҳкими идоракунии устувори захираҳои оби мамлакат табдил ёфт. Платформаи мазкур барои ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати давлатӣ, таҳияи стратегияҳои дарозмуддат ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар соҳаи захираҳои об заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳадафи асосии таъсиси Шурои миллии об фароҳам овардани фазои ягонаи ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва қабули қарорҳои муҳим дар самти истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обии мамлакат мебошад. Ин мақом имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи об дар платформаи ягона ба роҳ монда шуда, равандҳои банақшагирӣ ва амалисозии стратегияҳо шаффоф, ҳамоҳанг ва самаранок гарданд.

Шурои миллии об ҳамчун мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2025 таъсис дода шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад