РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бозии нахустини Лигаи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир шуд

Май 23, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 23.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 май бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ мусобиқаи футбол байни дастаҳои «Ҳулбук» — и ноҳияи Восеъ ва «Помир»-и Бадахшон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Тавре таъкид гардид, мусобиқа тибқи дастури Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои таҷлили  Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардида, ҳаводорон ва мухлисони бозии рақами яки ҷаҳонро ба ҳам овард.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оғози бозиҳои Лигаи футболи вилоятро махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи миллӣ дар саросари Тоҷикистон, аз ҷумла вилоят рӯ ба инкишоф ниҳода, дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил гардид.

Қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол саҳифаи наверо дар шаҳкитоби таърихи навини давлатдории мо, аз ҷумла таърихи варзиши он кушод.

Дар заминаи рушди варзиш давоми се соли охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят варзишгоҳҳои калон, даҳҳо майдону майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, бештари онҳо барои гузаронидани футбол, аз ҷумла футболи хурду футзал мутобиқ гардонда шудаанд.

Сипас, ҳарду даста бо маҳорати баланди варзишӣ табъи мухлисонро шод гардониданд.

Мусобиқа бо ҳисоби 2 бар 0 бо ғолибияти дастаи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ анҷом ёфт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Май 23, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард