ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ миллиардҳо нафарро дар саросари дунё муттаҳид менамояд

Май 25, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи майи соли 2024 бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин ташаббусро дастгирӣ намуда, аҳамияти ҷаҳонии футболро ҳамчун воситаи сулҳ, рушд ва ҳамдигарфаҳмӣ таъйид кард.

Нахустин маротиба дар таърихи футбол кишвари Осиёи Марказӣ ташаббускори ҷашни ҷаҳонии башардӯстона гардид, ки аз ҷониби тамоми давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Рӯйдоди муҳими таърихӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ 

Моҳи декабри соли 2023 муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаеро пешниҳод намуданд, ки 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад. Ин сана тасодуфӣ интихоб нашуда, он рамзи рӯзи таъсиси Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) дар соли 1904 мебошад. Қатъномаи A/RES/78/281 аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул карда шуд, ки дастгирии ҷаҳонӣ ва эътирофи нақши футболро дар бунёди сулҳ ва ояндаи устувор нишон медиҳад.

Барои Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад. Кишваре, ки дар арсаи байналмилалии футбол муқтадир нест, бо пешниҳоди худ ҷашни ҷаҳониро асос гузошт ва миллиардҳо нафарро дар саросари дунё муттаҳид намуд.

Нақши Рустами Эмомалӣ дар оммавигардонии футбол

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди инфрасохтори футбол ва таблиғи варзиши оммавӣ дар мамлакат фаъолона иштирок менамоянд.

Солҳои охир бо дастгирии президенти федератсияи футболи мамлакат дар Тоҷикистон даҳҳо варзишгоҳҳои нав, базаҳои таълимӣ, академияҳои футбол ва дигар иншооти варзишӣ сохта шуданд.

Идеяи муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавриди Рӯзи ҷаҳонии футбол идомаи мантиқии стратегияи «дипломатияи варзишӣ» мебошад, ки Тоҷикистон дар он нақши илҳомбахш ва ҳамоҳангсозро мебозад.

Бояд гуфт, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо ҷалби ҳазорон кӯдакону наврасон ва дӯстдорони ин намуди варзиш Ҳафтаи футбол идома дорад. Чорабиниҳои оммавии варзишӣ, мусобиқаҳо, дарсҳои маҳорат ва вохӯриҳои мавзуӣ ҳам дар марказҳои калон ва ҳам дар минтақаҳои дурдасти кишвар баргузор мешаванд. Ин амалҳо аз он дарак медиҳанд, ки ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ на танҳо дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар саросари кишвар низ дастгирӣ ёфта, ҷомеаро дар атрофи арзишҳои варзиш ва сулҳу ваҳдат муттаҳид кардааст.

Дар чаҳорчӯби таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии футбол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафтанд ва дар чорабиниҳои тантанавӣ дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд. Иштироки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди дипломатияи варзишӣ  ва эътирофи ин ташаббусро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Дар доираи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Филемон Янг ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии президенти Федератсия футболи Тоҷикистон 18 майи соли 2024 ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи густурдаи футболи кӯдакона бо иштироки тақрибан 900 кӯдак баргузор шуд.

Дар чорабинӣ нимҳимоятгари машҳури Нигерия ва собиқ бозигари дастаи “Челси” Ҷон Оби Микел иштирок намуд.

Дар доираи ҷашнвора дарсҳои маҳорат, бозиҳо ва вохӯриҳо бо варзишгарони маъруф баргузор гардиданд.

Футбол воситаи тавонои ҳамгироии фарҳангӣ ва байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ 

Бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) вусъат пайдо намуд. Мусобиқаҳои минтақавӣ, табодули таҷриба, даврҳои мураббигӣ, инчунин таблиғи футбол байни занону кӯдакон ба самтҳои афзалиятноки ташкилот табдил ёфтанд.

Осиёи Марказӣ дар арсаи байналмилалии футбол торафт бештар шуҳрат пайдо карда, дастовардҳои дастаҳои мунтахаб ва дастаҳои ин минтақа бамаротиб афзудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки футбол ҳамчун воситаи тавонои ҳамгироии фарҳангӣ ва байнидавлатӣ бахусус дар минтақае, ки дорои гуногунрангии ғании этникӣ ва таърихӣ мебошад, хизмат менамояд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол барои тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими дипломатияи варзишӣ ангезаи иловагӣ фароҳам меорад.

Ҷонибдории Созмони Милали Муттаҳид ва аҳамияти ин рӯз 

Созмони Милали Муттаҳид дар қатъномаи худ таъкид мекунад, ки футбол ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор: беҳбуди саломатӣ, таҳсилоти фарогир, баробарии гендерӣ ва сулҳ мусоидат менамояд.

Бо таҷлили 25 май аз кишварҳои аъзо даъват карда мешавад, ки чорабиниҳои мавзуӣ, мусобиқаҳо ва конфронсҳо баргузор намоянд ва ба ин васила таваҷҷуҳро ба қудрати иҷтимоии футбол ҷалб созанд.

Барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ин имконе аст, ки на танҳо тавассути варзиш, балки тавассути ташаббусҳое, ки ба муттаҳидсозии башарият нигаронида шудаанд, дар арсаи байналмилалӣ нуфузи бештар касб намояд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол на танҳо ҷашни варзиш, балки майдони таҳкими муколама байни халқҳо ва пешбурди арзишҳои фарогиру башардӯстона хоҳад буд. Ин рӯз ба ҷаҳониён хотиррасон мекунад, ки футбол на танҳо бозӣ, балки забони умумибашарие аст, ки одамонро новобаста аз миллат, синну сол ва вазъи иҷтимоӣ муттаҳид карда метавонад.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол кишварҳоро ташвиқ мекунад, ки таваҷҷуҳи худро ба варзиши ҷавонон, имкониятҳои баробар, рушди инфрасохтор ва ташаккули фарҳанги сулҳ тавассути варзиш бештар намоянд. Он ҳамчунин ба ҳамкории байналмилалӣ такони иловагӣ бахшида, дар он футбол ҳамчун воситаи дипломатияи ҷамъиятӣ ва рушди устувор амал менамояд.

Ҷашне бо рисолати ҷаҳонӣ 

Таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футбол на танҳо иқдоми рамзӣ аст. Ин натиҷаи муносибати стратегӣ барои истифодаи варзиш ҳамчун василаи таъсири фарҳангӣ, пешбурди манфиатҳои миллӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалӣ мебошад.

Ташаббуси Тоҷикистон ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи он аст, ки чӣ гуна ҳатто давлатҳои рӯ ба тараққӣ метавонанд дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус дар мавриди арзишҳое, ки миллиардҳо нафарро дар саросари ҷаҳон муттаҳид менамоянд, нақши муҳим ва муассир гузоранд.

Агар қаблан тӯби футбол аз Аврупо, Бразилия ва Африқо ба бозӣ дароварда мешуд, акнун оғози нави он аз Душанбе шуруъ мешавад. Ва ин оғоз аллакай аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонии футбол эътироф гаштааст.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз бойгонӣ

Май 25, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди варзиш ва инфрасохтори муосир муҳимтарин самт дар сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Рӯзи ҷаҳонии футбол боз як нишонаи нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад»
САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ
МАВСИМИ ОББОЗӢ. Агар оббозӣ карда натавонед, кӯшиши ба об даромадан накунед
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гелос хавфи саратонро дар бадани инсон кам менамояд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе Фестивали футбол барои кӯдакон баргузор мегардад
Пиряхи Партияи гидрографии ҳавзаи дарёи Зарафшон 174 метр қафо рафтааст
РУШДИ ФУТБОЛИ МИЛЛӢ. Барои расидан ба ин ҳадаф тадбирҳои муҳим андешида мешаванд
Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баргузор шуд
Ҷавонон бояд роҳи гузаштагони пурифтихорамонро бо омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои замона идома диҳанд
Дар Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бозиҳои варзишӣ доир шуд
Шумораи корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» марҳила ба марҳила зиёд мегардад