Сардорони мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон таҳкими ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуданд

Май 28, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами рушди ҳамкории дуҷонибаи гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Эрон  дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуд Асғарӣ дар Теҳрон дар ҳошияи  ҷаласаи 10-уми Шурои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Хуршед Каримзода нақши муҳими Созмони ҳамкории иқтисодиро дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои гумрук, тиҷорат ва нақлиёт муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо аҳамияти махсуси ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва мубориза бо қочоқро таъкид намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро барои такмили Протокол дар бораи мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва рушди ҳамкории техникӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баён намуд.

Форуд Асғарӣ изҳор намуд, ки ҷониби Эрон омода аст мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳ муайян намояд.

Ҷонибҳо итминон доранд, ки ин мулоқот ба таҳкими робитаҳои гумрукӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон мусоидат менамояд.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд