Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг мулоқот намуданд

Май 28, 2025 12:10

ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд.

Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллар дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд.

Пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташаккули минбаъдаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи босамари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” зоҳир гардида, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим дониста шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки Бонки Осиёии рушд ҷиҳати дастгирии “Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таъсис ёфтааст, иқдомоти шоистаро роҳандозӣ хоҳад кард.

Атрофи мукаммалсозии стратегияи навбатии шарикии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии рушд барои панҷ соли минбаъда низ табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Ингминг Янг 28.05.2025

Май 28, 2025 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд