ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 май, шанбе, 151-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 31, 2025 08:00

31 майи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Мудири иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир баррасӣ гардид.

***

31 майи соли 2012 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои аз Кодекси чиноятӣ ба Кодекси  гражданӣ гузаронидани моддаҳои 135 (туҳмат) ва 136 (таҳқир)  якдилона қабул намуданд.

***

31 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе маросими ба табъ расидани маҷаллаи чинии «Пули қора» баргузор гардид. Ин аввалин маҷаллаи махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки бо забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар маҷалла дар бораи Тоҷикистон ва Чин, инчунин ҳамкории байнидавлатии ду мамлакат маълумот дода мешавад.

***

31 майи соли 2018 Созмони ҷаҳонии  тандурустӣ (СУТ) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» бо иштироки коршиносон, устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, донишҷӯён ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

***

31 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба 1050-солагии нобиғаи маъруфи тоҷик Абурайҳони Берунӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таҳти унвони «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар рушди илмҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

***

31 майи соли 2023 ба ифтихори 100-солагии пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳо ифтитоҳ гардид. Ддар он намояндагони  корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ  иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ оид ба омори соҳаи меҳнат таҳти унвони «Инкишофи омори меҳнат бо назардошти қарорҳои Конференсияи 21-уми байналмилалии омори меҳнат» ҷаласаи 69-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

31 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии бе сигор.

***

Дар Русия – Рӯзи адвокатура.

Май 31, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!