«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025». Дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад

Май 12, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 12.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15-17 май дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад, ки дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии ширкатҳои ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоишгоҳ 15 май, соати 09:00 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва меҳмонони хориҷӣ ифтитоҳ мегардад.

Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» аз ҷумлаи намоишҳои бузургмиқёсе аст, ки давоми 12 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Ин намоиш дар заминаи сиёсати иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Тоҷикистон амалӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он мебошад. Ин иқдом ба он мусоидат намуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.

Ташкилкунандаи намоиш Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Аз ин намоиш-фурӯш сокинон метавонанд маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо барои хона ва хизматрасониҳои гуногунро бо нархи арзон дастрас намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд