Телевизионҳои Тоҷикистон дар ҳифзи фазои расонаӣ мавқеи устувор доранд

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад. Соҳаи телевизион дар Тоҷикистон ба яке аз соҳаҳои густаришдиҳандаи фарҳанги миллӣ табдил ёфта, шабакаҳои зиёди он ба бинандагони синну соли гуногуни ҷомеаи тоҷик равона шудаанд.
Телевизион бозёфти беназири асри ХХ ба шумор рафта, дар ҳаёти инсон ва рушди ҷомеа аҳамияти бузург дорад. 3 октябри соли 1959 Телевизиони тоҷик аввалин барномаҳои хешро дар шаҳри Душанбе бо забони тоҷикӣ манзури бинандагон гардонида буд. Ин дар ҳаёти фарҳангии миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Кормандони студияи телевизион бо вуҷуди душвориҳои зиёд (бинои студия ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор нагирифта буд) дилгармона пахши барномаҳои таҷрибавиро давом медоданд. Ҳафтае ду маротиба бо мардум аз тариқи экран вомехӯрданд. Давоми 6-7 дақиқа бо забонҳои тоҷикию русӣ аз ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ иттилоъ медоданд.
Дар замони бозсозӣ (1959-1990) «Телевизиони Тоҷикистон» бо таҷҳизоти нави техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Студияи нави марказӣ ба фаъолият пардохт, дастгоҳҳои нави «Кадр-3» ва «Магнолия» барои танзими саривақтӣ шароит фароҳам оварданд. Аз ин расона на танҳо ба ҳайси васитаи иттилооту тафреҳ, балки чун василаи тарғиби идеология ва таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷомеа кор гирифта шуд. Телевизион ба ҷузъи ногусастании рӯзгори мардум табдил ёфт. Аз ин рӯ роҳҳои нави ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин, таҳияи барномаҳои ҷолиб, истифодаи жанрҳои тоза ва рақобати солим байни шабакаҳои телевизионӣ ба вуҷуд омад.
Истиқлолият барои рушди телевизиони миллӣ давраи навро ба миён овард. Соли 2005 таҳаввулоти сохторӣ, кадриву техникӣ, давраи нави рушди фаъолияти эҷодиву техникии телевизиони миллӣ буд. Дар ин давра системаи нави телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ташкил ва тақвият ёфт.
Дар ин давра «Телевизиони Тоҷикистон» дар фазои умумии иттилоотии мамлакат ҷойгоҳи хос касб намуд. Тарғибу ташвиқи сиёсати бисёрҷабҳаи дохилию хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳадафи асосии худ қарор дод. Формати телевизионии он умумӣ буда, дар меҳвари барномаҳо бозтоби ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Доираи фарогирии барномаҳои ин расона дар ҷумҳурӣ ба 99 фоиз расида, имкони дидани намоишҳои онро тавассути моҳвора аҳолии беш аз 50 давлати ҷаҳон пайдо намуд.
Дигаргунии куллии техникии ин давр он аст, ки 26 июни соли 2006 «Телевизиони Тоҷикистон» ба таҷҳизоти рақамӣ ворид шуд. Ҳаҷми пахши барномаҳо аз 9 ба 18 соат расид. Телевизион ба низоми моҳвора пайваст, системаи нави телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ташкил ва тақвият ёфт. Ташкил гардидани гурӯҳҳои эҷодии «Симо» ва «Фаросӯ» имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз гурӯҳи жанрҳои таҳлилии телевизионӣ барномаҳои такондиҳандаи афкори миллии «Нигоҳи комил», «Сарнавишт», «Мизони андеша», «Симо», «Ёдрас», «Давр», «Коҳиш», «Баҳс, баҳс, баҳс», «Тазод», «Илм ва истеҳсолот», «Фардо», «Пешорӯ», «Ҳамоиш» ва «Олиҳа»-ро манзури бинандагон гардонида, аудиторияи ин расонаро тақвият бахшанд.
Ҳамин тариқ, «Телевизиони Тоҷикистон» давоми фаъолият панҷ давраи рушд, чаҳор насли эҷодкор ва се зинаи таҳаввулоти техникиро аз сар гузаронид. Он ба сохтори муташаккилу қавӣ ва ниҳоди пешбарандаи идеологияи давлатӣ бадал гардид. Телевизион ҳамчун василаи афкорсоз бо таҳияи барномаҳои тарғибкунандаи забону фарҳанг, урфу одат ва муқаддасоти миллӣ метавонад ба равон, ҳиссиёт ва рафтори қишрҳои гуногуни ҷомеа таъсир расонад. Бо мақсади коҳиш додани нуфузи расонаҳои хориҷӣ ва мукаммал намудани фазои расонаӣ дар муддати кӯтоҳ Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» (2006), Муассисаи давлатии «Телевизиони Баҳористон» (2008), шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» (2008) таъсис гардиданд.
Тавассути сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ фазои расонаии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Расонаҳои миллӣ дар он авлавият пайдо намуданд ва ҳамарӯза даҳҳо барномаю намоишҳои тарғибкунандаи забон, фарҳанг, урфу одат ва суннатҳои миллӣ аз тариқи ин расонаҳо пахш мегарданд.
Бо таъсиси телевизионҳои «Варзиш», «Синамо», «Футбол», «Шаҳнавоз», «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низоми телевизионҳои умумиҷумҳурии давлатӣ мукаммал гардид. Ҳоло низоми телевизионҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ба 10 адад ва телевизионҳои давлатии минтақавӣ ба 5 адад мерасад. Ҳар яке аз ин телевизионҳо дорои формати ба худ хос буда, мутобиқи шавқу завқи аудитория барномаҳои гуногунжанр таҳия менамоянд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 101 шабакаи телевизионӣ, радиоӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ амал мекунанд. Аз ин телевизиони давлатӣ 15 адад, радиои давлатӣ 10 адад, телевизиони хусусӣ 18 адад, телевизиони ноқилӣ 16 адад, телевизиони IP 4 адад, радиои хусусӣ 24 адад ва студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ 14 адад мебошанд.
Сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, хусусан телевизион сиёсати дурбинона ва созанда аст. Он сиёсате аст, ки барои мукаммалсозии фазои расонаӣ, ҳифзи он аз зуҳуроти бегона, таҳкими сулҳу ваҳдат, ободонии мамлакат, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, эҳёи суннатҳои фаромӯшшуда ва дар зеҳни ҷаҳониён ба вуҷуд овардани имиҷи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ шудааст.
Ҳарчанд таваҷҷуҳ ба телевизион рӯз то рӯз бештар мегардад, вале то ҳол Рӯзи кормандони телевизион расман ба рӯйхати идҳои касбӣ дохил нашуда буд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ 7 майро ба сифати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳукми қонунӣ бахшида, минбаъд ин сана расман ба рӯйхати идҳои касбӣ ворид гардонида шуд.
Ин тадбир боиси ҳамбастагии бештари телевизионҳои Тоҷикистон шуда, саҳми онҳоро дар тарғиби сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, милликунонии фазои расонаии мамлакат афзунтар хоҳад кард.
Ҳифзи амнияти фазои расонаии мамлакат ҳифзи сарватҳои маънавии мамлакат ба ҳисоб рафта, забон, фарҳанг, таърих, анъанаҳои мардумӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли моро ба мисли сипари боэътимод аз таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ медорад. Зеро ҳифзи фазои расонаии мамлакат- ҳифзи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Саидмуроди ХОҶАЗОД,
доктори илмҳои филология, профессор
АКС аз манбаъҳои боз