Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи барқарорнамоии ҳаракати автобусҳоро баррасӣ намуданд

Май 19, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 19.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаракати автобусҳоро  дар хатсайрҳои «Хуҷанд-Ӯш», «Хуҷанд-Ботканд» ва «Исфара-Ботканд» барқарор намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ин масъала зимни мулоқоти дуҷонибаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Вазири нақлиёти Қирғизистон Абсаттор Сиргабоев дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баррасӣ гардид. Ин хатсайрҳо қаблан аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори нақлиётии ҳарду ҷониб мувофиқа ва  ифтитоҳ шуда буданд.

Ҳамзамон бо мақсади тавсеаи иқтидори транзитии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки барои интиқоли борҳои Қирғизистон аз қитъаи роҳи оҳани «Спитамен – Истиқлол – Спитамен»-и вилояти Суғд аз нав истифода бурда шавад.

АКС: Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд