Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири энергетика ва захираҳои об изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои шарикӣ бо Ҷопон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика аҳамияти хос зоҳир менамояд.
Сафири Ҷопон хонум Кейко Фурута аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии кишварашро барои рушд ва густариши робитаҳо дар самти таъмини рушди устувори энергетикӣ иброз дошт.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи равобит, табодули таҷриба ва ҷалби сармоя ба самтҳои афзалиятноки энергетикӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






