Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақл тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо ва тавофуқномаҳои байнидавлатии соҳавӣ дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардиданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи созишномаҳои соҳавиро муҳокима ва аҳамияти вуруди Тоҷикистон ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, ки Тоҷикистону Покистонро бо ҳам мепайванданд, инчунин бунёди долонҳои нави минтақавӣ барои ворид шудан ба бандарҳои баҳриро таъкид намуданд.
Дар мулоқот доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳои табодули афкори судманд анҷом дода шуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






