Тоҷикистону Булғористон хостори тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир шуданд

Май 29, 2025 18:50

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Булғористон хостори таҳкими ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат, хусусан саноат   гардидаанд. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлат  дар меҳвари  мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Булғористон Атанас Зафиров, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарор дошт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуда, зарурати рушди муносибатҳои мутақобили судмандро таъкид карданд.

Зимни мулоқот Шералӣ Кабир самтҳои афзалиятноки рушди саноати Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон имконияти ҳамкорӣ бо ҷониби Булғористон дар бахшҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, аз ҷумла ашёи хоми муҳим (критикӣ), ба монанди сурма, симоб, графит, антрасит, нуқра, мис ва литий, инчунин саноати алюминий, мошинсозӣ, дорусозӣ (бо истифода аз захираҳои бойи растаниҳои шифобахш) ва нассоҷӣ, аз ҷумла коркарди муштараки пахта ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон бо назардошти афзалияти рушди технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориро дар бахши технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ  таъкид намуданд.

Тоҷикистон нахустин давлат   дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро қабул намуда, барои татбиқи амалии он қадамҳои мушаххас мегузорад. Ин иқдом метавонад заминаи устувор барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ гардад.

Дар анҷоми мулоқот Вазири саноат ва технологияҳои нав ҷониби Булғористонро барои иштирок дар нахустин Форуми нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ, ки дар шаҳри Душанбе моҳи июли соли равон баргузор мегардад, даъват намуд. Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи муколама ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои  нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 29, 2025 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд