Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 май вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва намояндагони Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Ҳисор ба аёдат ва табрики иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз деҳаи Ҳаёти Нави Ҷамоати деҳоти Ҳисор Раҷаб Усмонови 103-сола ва аз деҳаи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ Карим Рашиди 113-сола рафтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Зимни суҳбат вакили Маҷлиси намояндагон қаҳрамонони ҷангро ба муносибати 80-солагии Иди Ғалаба муборакбод гуфта, корнамоии иштирокчиёни ҷангро намунаи олии ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ барои наслҳои баъдӣ арзёбӣ намуд.
Изҳор гардид, ки бо шарофати ҷоннисорӣ ва шуҷоатмандию далерии иштирокчиёни ҷанг мо дар фазои оромию осудагӣ кору фаъолият менамоем.
Вакил бо қаҳрамонони ҷанг аз лаҳзаҳои мудҳиши солҳои ҷанг ва саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба ёдовар шуда, иброз намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем ва Тоҷикистон рӯз то рӯз шукуфову зеботар мегардад.
Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ изҳор намуданд, ки ҷавонони ҷумҳурӣ бояд шукронаи осудагию тинҷӣ ва сулҳу субот намуда, зери сиёсати Сарвари давлат Ватан-модарро ҳамеша аз душман ҳифз намоянд.
Иштирокчиёни ҷанг зимни суҳбат аз табрикоти самимӣ ва туҳфаҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ёдовар шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






