Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид

Май 31, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ташаббуси «Сулҳи кабуд дар Осиёи Марказӣ» ба имзо расид.

Тавре аз Вазорати энегетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини директори Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Кристиан Фрутигер ба имзо расонида шуд.

Ин санад ҳамкории мутақобили судманди ҷонибҳоро дар доираи ташаббуси «Сулҳи кабуд дар Осиёи Марказӣ» тақвият дода, ба рушди идоракунии устувори захираҳои обии минтақавӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ равона шудааст. Тавассути он инчунин иқтидори занон ва насли ояндаи олимон, дипломатҳо ва мутахассисони соҳаи об барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи об рушд дода мешавад.

Ҳачунин дар ин рӯз байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи байналмилалии идоракунии захираҳои об Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар доираи ин санад аҳамияти мувофиқсозии масъалаҳои об бо дурнамо ва стратегияи рушди соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва муҳити зист, таҳкими иқтидори ниҳодҳо ва мутахассисон, ҳамчунин баланд бардоштани нақши ҷавонон ва занон дар раванди қабули қарорҳо дарк ва эътироф гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Май 31, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд